Tuesday, March 3, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСабаби латукӯби 100 донишҷӯи тоҷик гумонбар шудани як нафар будааст

Сабаби латукӯби 100 донишҷӯи тоҷик гумонбар шудани як нафар будааст

Масъулони Донишгоҳи Комсомолскии лаби Амури Русия сабаби латукӯби донишҷӯёнро аз тарафи нерӯҳои вижаи минтақаи Хабаровск шарҳ додаанд.

Дар ҷаласае, ки рӯзи 24-уми май дар ин Донишгоҳ бо донишҷӯён баргузор шуд, гуфтаанд, амалиёти низомиён дар хобгоҳ эҳтимол ба боздошти як муҳассили тоҷик рабт дошт. Ӯро ба гумони «фиристодани пул ба террористон» дастгир кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, раиси донишгоҳ Эдуард Дмитриев дар суҳбат бо расонаҳои русӣ латукӯби дастҷамъии донишҷӯёнро рад кардааст. Ба қавли ӯ, маъмурони хадамоти муҳоҷират дар донишгоҳ санҷиш гузаронданд.

Беш аз сад донишҷӯйи тоҷики Донишгоҳи Комсомолскии лаби Амури Русия рӯзи 19-уми май аз сӯйи нерӯҳои вижаи минтақаи Хабаровск латукӯб ва шиканҷа шуданд.

Ба гуфтаи донишҷӯён, дастаи ОМОН ҳамроҳи кормандони Хадамоти нерӯҳои федерол дар хобгоҳи Донишгоҳ бе огоҳӣ ва бе пурсиш заданд. Муҳассилони тоҷик гуфтанд, сабаби чунин рафторро намедонистанд.

Як донишҷӯ, ки ба далели амниятӣ нахост муаррифӣ шавад, гуфт, як моҳ пеш як донишҷӯйи тоҷик боздошт шуда буд ва онҳо намедонистанд, сабабаш чист. “Дар ҷаласаи рӯзи 23-юми май гуфтанд, ин амалиёт ба тақҳқиқи ҳамон ҳодиса пайванд дорад. Маъзарат ҳам нахостанд. Танҳо гуфтанд, ки метавонед телефонҳоро гиред,” – афзуд мусоҳиби мо.

Донишҷӯёни тоҷик иддао доранд, ки онҳоро на тафтиш, балки бераҳмона шиканҷа карданд. Мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ҳодиса изҳори назар накардаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular