Саъд Ал-Каъбӣ, вазири энержии Қатар, рӯзи сешанбе, 23 май ҳушдор дод, ки ҳарчанд зимистони гарми имсол боиси ҷилавгирӣ аз бурузи мушкилоти бузургтар дар моҳҳои пешин шуд, бо ин ҳол вазъияти бадтар ба далели камбуди нафту газ дар Аврупо дар роҳ аст.
Ал-Каъбӣ, ки дар як нишасти хабарӣ дар Доха ширкат карда буд, “зимистони гарм” ва “рушди кунди иқтисод” дар соли гузаштаро “танҳо омили наҷоти Аврупо” дар соли гузашта хонд ва гуфт: “агар иқтисод дар соли 2024 ба далели зимистони оддии сол шурӯъ ба рушд кунад, фикр мекунам бадтарин вазъият ҳанӯз дар роҳ аст.”
Вай бо ҳушдор ба кишварҳои аврупоӣ изофа кард: “агар аврупоиҳо мутаваҷҷеҳи ин мавзӯъ нашаванд, агар барномаи дурусте надошта бошанд, агар аз ширкатҳои нафту газ шайтон бисозанд ва нахоҳанд сари сӯҳбат бо тавлидкунандагон бинишинанд, бо мушкил мувоҷеҳ хоҳанд шуд зеро воқеият худашро таҳмил хоҳад кард.”
Пас аз ҳамлаи Русия ба Укроин дар феврали 2022 ва вазъи таҳримҳо алайҳи Маскав, кишварҳои аврупоӣ ба далели афзоиши қиматҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ аз бурузи камбуд дар ҳавзаи нафту газ нигарон буданд. Бо ин ҳол замистони мӯътадили сол дар канори тадобири Иттиҳодияи Аврупо барои ҷонишин кардани воридоти гази Русия тавассути кишварҳои дигар аз ҷумла Қатар, боис шуд то буҳрон дар ҳавзаи энержӣ иттифоқ наяфтад.
Вазири энержии Қатар, ки илова бар пости вазорат раёсати ширкати нафту гази давлатии ин кишвар мавсум ба “Қатар энержӣ”-ро низ бар ӯҳда дорад, пештар тасреҳ карда буд, ки Аврупо барои таъмини захираи гази соли ояндаи худ боз ҳам бо мушкил мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Ин дар шароитест, ки бархе кишварҳои аврупоӣ аз ҳоло дар фикри таъмини захоири газӣ барои замистони оянда ҳастанд.
Дар моҳи январ Олмон аз ифтитоҳи ду поёнаи гази табии моеъи худ хабар дода буд. Рӯзи гузашта низ Виктор Орбан, нахуствазири Венгрия, ба манзури музокира барои воридоти гази табии моеъ вориди Доха шуд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

