Бино бар гузориши шабакаи хабарии “Канал-12”-и Исроил, Арабистон ва Амрико феҳристе аз талабот ва дархостҳои худро барои пешбурди музокироти оддисозии равобит миёни Исроил ва Арабистон ба давлати Нетаняҳу ироа додаанд.
“Канал-12”-и Исроил гузоришеро мунташир карда, ки дар он гуфта шудааст, Вашингтон ва Риёз дар ростои одисозии равобит миёни Исроил ва Арабистони Саудӣ аз давлати Исроил хостаанд то музокироти сулҳ бо фаластиниҳоро аз сар бигирад, ки дар ниҳоят ба “ҷудоӣ”-и ду тараф, яъне ташкили як кишвари мустақили Фаластини мунҷар шавад.
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки Иёлоти муттаҳида аз давлати Нетаняҳу хостааст то тарҳи ислоҳоти додгоҳии худро, ки боиси бурузи эътирозоти густурда дар Исроил ва нигарониҳое дар Кохи сафед шуда, канор бигузорад.
Бино бар ин гузориш, ки шомгоҳи сешанбе 23 май мунташир шуд, Вашингтон ва Риёз талаботи худро барои пешбурди одисозии равобит байни Исроилу Арабистон баршумурдаанд ва ҳар ду аз Исроил хостаанд то бо ин шурут мувофиқат кунад.
Дар рӯзҳои ахир гузоришҳо ҳокӣ аз он буданд, ки Исроил ва Арабистон музокироти фишурдаеро дар мавриди барқарории парвозҳои мустақими байни ду кишвар баргузор кардаанд, ки метавонад заминаро барои оддӣ шудани равобит миёни ду тараф фароҳам кунад. Исроил аз муддатҳо пеш хоҳони оддисозии равобит бо Арабистон буда, аммо саудиҳо то кунун ба ин дархост ҷавоби мусбат надодаанд.
Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон, дар суханронии худ дар нишасти сарони Иттиҳодияи араб дар рӯзи ҷумъаи гузашта (19 май) гуфта буд, ки Фаластин “масаълаи меҳварӣ”-и кишварҳои араб ва мусулмонон буда ва боқӣ хоҳад монд ва ин мавзӯъ “дар садри аввалиятҳои Арабистон” аст.
Ӯ бар “ироаи кумак ба фаластиниҳо барои бозпсгирии сарзаминҳояшон, эҳёи ҳуқуқи машрӯъи онҳо ва эҷоди як кишвари мустақил дар марзҳои пеш аз ҷанги соли 1967 бо пойтахти Байт-ул-Муқаддаси шарқӣ” таъкид ва изофа карда буд барои ин кумакҳо “диранг нахоҳем кард”.
Бино бар гузоришҳои расонаҳои исроилӣ саудиҳо ҳамчунин аз Кохи Сафед хостаанд то бархе аз қарордодҳои таслиҳотӣ, ки Арабистон дар даврони раёсатҷумҳурии Доналд Трамп бо Амрико баста буд ва пас аз рӯйи кор омадани Ҷо Байден, раисҷумҳури кунунии Амрико, масдуд шуда буданд, бори дигар ба ҷараён биандозад. Арабистон ҳамчунин ба думболи бастани як созишномаи эътилофи дифоъӣ бо Амрико ва ҳимояти Вашингтон аз барномаҳои ҳастаии ғайри низомии ин кишвар аст.
Тибқи гузориши “Канал-12” тавофуқи оддисозии комили равобит бо Арабистон ба Исроил ин имконро медиҳад то аз ҳимояти ҳамаҷонибаи Амрико барои анҷоми ҳар гуна иқдоми эҳтимолӣ алайҳи таъсисоти ҳастаии Эрон бархурдор шавад.
Ин шабакаи хабарӣ рӯзи сешанбе ҳамчунин гузориш дода буд, ки музокироти фишурдае миёни Амрико, Исроил ва Арабистон бо ҳузури Антониу Блинкен, вазири хориҷа ва Ҷейк Саливан, мушовири амнияти миллии Амрико дар канори Давид Барнеа, раиси МОССАД ва “мақомоти бисёр аршад”-и наздик ба ибни Салмон дар ҷараён аст.
Ин шабака ба нақл аз як мақоми баландпояи исроилӣ гуфта буд, ки тавофуқи оддисозӣ “як дастоварди бузург барои амнияти Исроил” хоҳад буд ва “потенсиали тавофуқ” вуҷуд дорад аммо таҳаққуқи он “ба шуҷоати Нетаняҳу, Байден ва ибни Салмон бастагӣ дорад”.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

