Tuesday, March 3, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетУрдуғон рӯи курсии раёсатҷумҳурии Туркия мемонад

Урдуғон рӯи курсии раёсатҷумҳурии Туркия мемонад

Шӯрои олии интихоботи Туркия бо интишори натоиҷи ниҳоии шумориши овозҳо дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, Раҷаб Таййиб Урдуғонро пирӯзи ин рақобат эълом кард. 

Ин шӯро гуфт, ки дар даври дувуми интихоботи раёсатҷумҳури ин кишвар, Раҷаб Таййиб Урдуғон 52.16 дарсади раъйи мардум ва Камол Қиличдоруғлу 47.84 дарсад ороро касб кардаанд. 

Камол Қиличдоруғлу ба раванди интихоботи раёсатҷумҳурии Туркия эътироз карда ва онро “ноодилона” хондааст. Қиличдоруғлу мегӯяд ин “ноодилонатарин интихоботи солҳои ахир” буд. 

Камол Қиличдоруғлу аз касоне, ки ба ӯ раъй доданд ташаккур карда ва гуфтааст, ки аз мушкилоти пеши рӯйи Туркия нороҳат аст. Ў ба мардуми худ ваъда додааст, ки ба муборизот худ идома хоҳад дод. 

Аз сӯи дигар, Раҷаб Таййиб Урдуғон эълом кард, ки дар ин интихобот “баранда танҳо Туркия аст.” 

Ӯ шомгоҳи рӯзи якшанбе ба миёни мардуми худ рафт ва бо истодан бар рӯйи як мусофирбар гуфт: аз тамоми мардум ташаккур мекунам, ки бори дигар масъулияти идораи кишварро барои панҷ сол ба ман доданд. 

Урдуғон ба мардуми худ ваъда дод, ки барои Туркия сахт кор хоҳад кард. Ў гуфт натоиҷи интихобот бор дигар нишон дод, ки ҳеҷ кас наметавонад ба дастовардҳои ин кишвар тамаъ кунад ва ҷавонони Туркияро ба торикӣ бикашонад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular