Tuesday, March 3, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТаҳрими 50 солаи Эрон дар парлумони Укроин раъй гирифт

Таҳрими 50 солаи Эрон дар парлумони Укроин раъй гирифт

Парлумони Укроин ба тарҳи таҳрими Эрон ба муддати 50 сол раъйи мусбат дод. 

Дар пайи ҳамалоти рӯзҳои гузаштаи Русия ба Киев бо паҳподҳои сохти Эрон, Владимир Зелкнский, раисҷумҳури Укроин аз парлумон хост бо пешнависи қатъномае дар бораи таҳримҳо алайҳи Эрон мувофиқат кунад. 

Ин лоиҳа, ки тавассути Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъи Укроин пешниҳод шуда буд дирӯз бо 328 раъйи мусбат ба тасвиб расид. Ин лоиҳа бо имзои Зеленский иҷроӣ хоҳад шавад. 

Ба гуфтаи расонаҳои укроинӣ дар пешнавис ин лоиҳа пешниҳод шудааст мамнуъияти ҳамаҷониба дар хусуси фаъолиятҳои тиҷорӣ бо Эрон аз ҷумла сармоягузорӣ, интиқоли фанноварӣ ва ҳамлу нақли ҳавоӣ сурат бигирад. Ҳамчунин дар ин пешнавис омадааст таваққуфи транзити маҳсулоти эронӣ аз тариқи хоки Укроин ва мамнуъияти хурӯҷи дороиҳои Эрон дар Укроин дар дастури кор қарор бигирад. 

Илова бар ин, пешниҳод шуда ҳар гуна интиқоли молӣ аз ҷумла пардохти электроникӣ аз сӯи Эрон мутаваққиф шавад ва пардохтҳои байналмилал барои Эрон дар бонкҳои давлатии Укроин мамнуъ шавад. 

Кобинаи Укроин дар таърихи 25 апрел тасмим гирифт пешниҳодотеро дар мавриди ҷорисозии таҳримҳо алайҳи Эрон ба Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъ ироа кунанд. 

Киев ва муттаҳидонаш мегӯянд бо оғози таҳоҷуми Маскав ба хоки Укроин, Эрон таслиҳоти ҷангӣ аз ҷумла садҳо ҳавопаймои бидуни сарнишинро ба Русия ирсол кардааст. Иттиҳомоте, ки Теҳрон онҳоро рад мекунад. 

Ба гуфтаи мақомоти укроинӣ, Русия барои ҳамалоти густурда алайҳи зерсохтҳои Укроин аз паҳподҳои интиҳории сохти Эрон истифода мекунад, ки то кунун мунҷар ба хисороти молии қобили таваҷҷуҳ ва кушта шудани ғайри низомиён шудааст. 

Иёлоти муттаҳида дар авохири моҳи март таҳримҳое алайҳи чаҳор ширкат ва ҳамчунин се фард аз Эрон ва Туркия эълом кард ба гуфтаи мақомҳои амрикоӣ онҳо дар барномаи тавсеаи таслиҳотӣ ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Эрон нақш доштанд. 

Дар декабри 2022 Иттиҳодияи Аврупо низ таҳримҳое алайҳи Эрон ва чаҳор ниҳод “ба далели нақши онҳо дар тавсеа ва таҳвили паҳподҳои мавриди истифодаи Русия дар ҷанг алайҳи Укроин” эълом кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular