Вақте омори тоҷикони қурбоншуда дар Сурияро хондам беихтиёр ба ёди як суҳбатам бо яке аз шиносҳоям афтодам. Чанд рӯз пештар аз ин буд,ки як шиносам тамос гирифту хеле нороҳату андуҳгин гӯфт, росташ намедонам чикор кунам?
Гуфтам чӣ шудааст?
Гӯфт: “Як ҷиян дорам дирӯз тамос гирифту гӯфт қасди рафтан ба Сурияро дорад. Аз ман дар бораи ДИИШу ҷанги Сурия пурсид. Ман ҳарчӣ фаҳмондам қабул намекард. Мегӯфт шумо ҳаминхел фикр кардед, ки имрӯз дар Тоҷикистон кор ба ҷое расидааст, ки сатри модаромона гирифтаистоданд.
Ҳуакумат имрӯз ғайри масҷид бастан, риштарошӣ, шикори муллоҳову руймоли занҳоро аз сарашон гирифтан дигар кор надорад. Агар шумо дар вақташ инхел хап намекардед ин ҷинояткорон имрӯз ҷуръат намекарданд ин корро анҷом диҳанд. Шумо худатон ки аз молу ҷонатон метарсед бар зидди ҷиҳоду муҷоҳидон сухан мегуед. Аз вақте шумо ҷиҳодро фаромуш кардед ҳаминхел хор шудед, ки ҳозир сатри занонатонро дар кучаҳо аз сарашон кашида мегиранду шумо овозатон намебарояд”.
Вақте суханаш ба инҷо расид гӯфт: “Гапҳояш хеле бароям аҷиб ҳастанд. Чунки ман фикр намекардам ақли ӯ ба ин чизҳо мегирад. Онқадар парвои дин ҳам надошт. Дар донишгоҳ дарс мехонд. Намозҳояшро мехонд, аммо дар ягонҷо дарси динӣ нахонда буд.
Ӯ дар донишгоҳ дарс мехонд. Аз сабаби вазъияти бади иқтисодии оилавиашон натавонист пули донишгоҳро супорад. Барои ҳамин ба Русия барои кор рафт. Дар русия бояд ҳамроҳи тағоҳояш кор мекард. Аммо мушкилоти иқтисодӣ дар Русия боиси он шуд, ки ҳам ӯ ва ҳам тағоҳояш бекор монданд ва кори дурусте пайдо накарданд. Ҳоло бошад мегӯяд то кай мо ҳамаи миллат дар азоб бошему танҳо як авлод дар кайфу роҳат зиндагӣ кунад?
То вақте ин авлод дар ҳукумат ҳастанд мо дар ин ватан роҳатиро намебинем. Пас беҳтар аст, ки роҳати он дунёро ҳам аз даст надиҳем. Агар шумо номус мекардеду мехестед бар зидди ин Фиръавни худамон мо омода будем, ки ба ҷои Сурия дар ҳаминҷо бар зидди ин золимон биҷангем. Неки медонам, ки аз шумо умед нест, пас меравем ҳамон Сурия, ки ақалан шаҳид шавему роҳати он дунёро ба даст биёрем. То вақте ин ойлаи наҳс дар Ватани мо ҳоким аст мардуми мо дар ҳамаи дунё хор аст. Дар ҳамаҷо дар азоб аст”.
Дӯстам ба ман гӯфт ман ба ӯ ҳарчӣ гуфтаму фаҳмондам қабул накард. Илтимос шумо бо ӯ суҳбат кунед!
Ман ҳам бо ӯ суҳбат кардам. Ҳудуди як соат бо ҳам баҳс кардем.
Ба ӯ гӯфтам ту бо ин корат аз мушкилот мегурезӣ. Ин кор ҳам як навъи худкушӣ аст. Мушкилоти зиндагӣ болоят фишор овардааст, чун худкуширо ҳаром медонӣ мехоҳӣ худатро тавре бикушӣ, ки ҳам ҷонатро аз мушкилот халос кунӣ ва ҳам биҳиштро ба даст оварӣ. Аммо ин кор хатои маҳз аст. Ҳукумат худаш шуморо ба ин ҳол овардааст ва хурсанд мешавад, ки шумобарин ҷавонони боимону содиқ ба Ватану миллат рафта дар ҳар ҷои дигар қурбон шавед. Рафтани шумо ҷавонон ба Сурия дар воқеъ ба фоидаи ҳукумат ва оилаи Раҳмон аст на ба фоидаи Ватану миллату дин.
Сурия як кушторгоҳе ҳаст, ки ҷавонони мухлису содиқи Ватанро фақат ба хотири мурдан ба онҷо мефиристанд. Дар ин корҳо худи ҳукуматдорон ҳам даст доранд. Шумо бояд ҳушёр бошед.
Мо бояд коре кунем, ки Ватани мо мисли Сурия ба вайрона табдил наёбад, вале бо роҳи дурусту мантиқӣ ва бо кумаки ҳамдигар аз зулми ин гурӯҳ ҳам миллату ҳам ватанамонро наҷот диҳем.
Хулоса пас аз суҳбатҳои тулонӣ тавонистам ҳадди ақал ӯро дудила ва мураддад кунам. Гӯфт ҳоло бояд фикр кунам. Умедворам аз тасмимаш баргардад. Дуо кунед, ки ҳадди ақал ин ҷавон аз ин фикраш баргардад.
Хонандаи азиз худ метавонад дарк кунад, ки масъала чист ва омили аслии ноумедии ҷавонон ба оянда аз куҷо сарчашма мегирад.