Tuesday, March 3, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет“Наҳанги авиатсия” боздошт шудааст

“Наҳанги авиатсия” боздошт шудааст

Яке аз афроди бисёр наздик ба Ҳасан Асадуллозода, ки солҳо соҳаи авиатсияи Тоҷикистонро зери назорат дошт, боздошт шудааст. Рустам Холиқов, раиси собиқи ширкати «Тоҷик Эйр» (Tajik Air) ва мудири пешини Фурудгоҳи Душанбе бо амри Додситонии кулли Тоҷикистон боздошт шудааст.

Радиои Озодӣ бо истинод ба манобеъаш хабар додааст, ки Рустам Холиқов ба «азхудкунӣ ё исрофи маблағ», «сохтакорӣ» ва «қаллобӣ» муттаҳам буда, амволу дороиҳояш низ феълан ба ҳабс гирифта шудааст.

Ба гуфтаи манобеъи расона, парванда ба замони кораш дар ширкати «Тоҷик Эйр» пайванд доштааст.

Қаблан як таҳқиқи “Паём” нишон дода буд, ки Рустам Холиқов зери ҳимояи Ҳасан Асадуллозода гурӯҳи ҷиноии ташкил намуда, тамоми соҳаи авиатсияи кишварро зери даст гирифтааст ва солона миллионҳо доллар маблағро азхуд мекунад. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular