Tuesday, March 3, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетОлмон соли гузашта ба қариб 170 000 муҳоҷир шаҳрвандӣ дод

Олмон соли гузашта ба қариб 170 000 муҳоҷир шаҳрвандӣ дод

Бар асоси оморҳои расмӣ, ки рӯзи сешанбе мунташир шуд, Олмон дар соли гузашта шоҳиди афзоиши 28 дарсадии теъдоди афроде будааст, ки ба тозагӣ шаҳрвандии ин кишварро ба даст овардаанд. 

Оморҳо ҳамчунин нишон дод, ки беш аз як чаҳоруми шаҳрвандони нави ин кишвар, гурезагони Суриягӣ буданд. 

Бино бар гузориши Идораи омори федерал, ҳудуди 168 ҳазору 500 нафар дар соли 2022 тобеияти Олмонро дарёфт кардаанд, ки болотарин рақам аз соли 2002 будааст. 

Аз ин теъдод, 48 ҳазору 300 нафар ё 29 дарсад аз шаҳрвандони нав атбоъи Сурия буданд, ки ин рақам беш аз ду баробари соли қабл аз он ва ҳафт баробар бештар аз соли 2020 маҳсуб мешавад. 

Дар воқеъ шумори қобили таваҷҷуҳе аз суриҳое, ки байни солҳои 2014 то 2016 ба Олмон муҳоҷират карданд, тавонистанд шароити шаҳрвандиро бароварда кунанд ва расман ба тобеияти Олмон дароянд. 

Тибқи қонунҳо, барои касби шаҳрвандии Олмон дасти кам 8 сол зиндагӣ дар ин кишвар лозим аст. Дар ҳамин ҳол, барои ҳамсар ва фарзандон чунин шарт вуҷуд надорад. 

Илова бар ин, доштани “дастовардҳое”, ки ба идғоми бештари муҳоҷирон дар ҷомеаи Олмон кумак мекунад, монанди тасаллут бар забони олмонӣ ва доштани дастовардҳои ҳирфаӣ ё мушорикатҳои маданӣ низ метавонад ин давраи 8 солаи интизорро то 6 сол коҳиш диҳад. 

Пас аз суриҳо, шаҳрвандони Туркия (14 ҳазору 200 нафар) дувумин гурӯҳи бузурги афроде буданд, ки тавонистанд дар соли гузашта тобеияти Олмонро ба даст оварданд. 

Идораи омор эълом кард, ки 5600 укроинӣ низ дар соли гузашта тобеияти Олмонро касб карданд, ки тақрибан се баробари соли қабл аз он будааст. 

Давлати Олмон дар назар дорад қавонини дарёфти шаҳрвандии ин кишварро осон кунад ва теъдоди солҳои лозимро аз ҳашт сол ба панҷ сол коҳиш диҳад. Бар асоси ин тарҳи давлат, афроде, ки дорои “дастовардҳои вижа” барои идғом дар ҷомеа ҳастанд низ пас аз се сол чунин ҳақ пайдо хоҳанд кард. 

Давлат ҳамчунин қасд дорад маҳдудити марбут ба доштани тобеияти дугонаро ҳазф кунад. Афроди талабкори шаҳрвандии Олмон, ки аз кишварҳое ғайр аз аъзои Иттиҳодияи Аврупо ва Суис меоянд, дар ҳоли ҳозир бояд тобеияти қаблии худро пас аз дарёфти тобеияти Олмон раҳо кунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular