Wednesday, March 4, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетПМТ: рафтори мақомоти интизомии рус шабеҳи рафтори нозиҳо бо яҳудиён ва асирони...

ПМТ: рафтори мақомоти интизомии рус шабеҳи рафтори нозиҳо бо яҳудиён ва асирони ҷангӣ аст

Паймони Миллии Тоҷикистон бо эъломи эътирози шадиди худ ба “ҷинояти ғайриинсонӣ алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия”, рафтори мақомоти интизомии рус бо муҳоҷирони тоҷикро ба рафтори нозиҳо бо яҳудиён ва асирони ҷангӣ ташбеҳ кард.

Эътилофи мухолифини тоҷик бо “иқдоми табъизомез ва ҷинояткоронаи мақомоти Русия алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон”  ва “нақзи ошкори ҳуқуқи башар” номидани таъқиби тоҷикон дар Русия, аз мақомоти ин кишвар хост ба он поён диҳанд ва режими Раҳмонро шарики ин ҷиноятҳо хонд.

Матни пурраи изҳороти ПМТ ба шакли зер аст:

Паймони Миллии Тоҷикистон иқдоми табъизомез ва ҷинояткоронаи мақомоти Русия алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистонро шадидан маҳкум намуда, таваққуфи фаврии чунин амалҳои зиддиинсониро аз мақомоти ин кишвар талаб мекунад.

Дар чанд рӯзи ахир, мақомоти интизомии рус бо истифода аз сукут ва ноуҳдабароии ҳукумати Тоҷикистон, як маъракаи васеъи боздошт ва таҳқири тоҷиконро оғоз кардаанд.

Бар хилофи гузашта, инбор мебинем, ки доманаи ҳуқуқпоймолкунии мақомоти рус аз коргоҳҳо ва кучаҳо фаротар рафта то ба донишгоҳҳо низ расидааст ва мақомоти рус донишҷӯёни моро дар хобгоҳ дар як амали табъизомез аз дигар донишҷӯён ҷудо намуда, мавриди бозҷӯӣ, шиканҷа ва таҳқир қарор додаанд. Ба ҳамин монанд дар тамоми қаламрави ин кишвар боздошту таҳқири муҳоҷирони тоҷик идома дорад.

Ин амали репрессивӣ ва табъизомез, рафтори нозиҳо бо яҳудиён ва асирони ҷангиро ба ёд меорад.

Қобили зикр аст, ки тоҷикистониҳо, бахусус донишҷӯён ва муҳоҷирони корӣ, бар асоси қонун ва муқаррароти Русия дар ин кишвар ба сар мебаранд ва мақомоти ин кишвар муваззафанд ҳуқуқи онҳоро ҳимоят кунанд.

Мо аз мақомоти Русия талаб мекунем, ки ба амалҳои табъизомез ва зиддиинсонӣ алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ва нақзи ошкори ҳуқуқи инсон поён диҳанд.

Мо аз ҳукумати Тоҷикистон талаб менамоем, ки аз шиорпартоӣ ва папулизм дар бораи ватандориву миллатсозӣ даст бардошта, як бор ҳам бошад барои ҳимоят аз муҳоҷирон ва донишҷӯёну шаҳрвандони кишвар вориди амал шавад ва ба ҷои истирдоди тоҷикон ҳамчун ҷинояткор як бор онҳоро ҳамчун тоҷикони соҳибватан ва сарбаланд ба Ватан баргардонад ва бо ҷои кор ва маоши ҳадди ақал таъмин кунад. То миллат аз ин бештар дар доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои ҷинояткори давлатии бархе кишварҳо наафтад ва дар ҷангҳои бемаънии ҳар минтақа ҳамчун “гушти дами туп” истифода ва кушта нашавад.

Бори дигар таъкид мекунем, ки агар ҳукумати кишвар барои пешгирӣ аз ин вазъ иқдоми ҷиддие пеш нагирад, дар ҳар як амали табъизомез ва ҷинояткоронаи мақомоти рус алайҳи тоҷикон шарики ҷурм дониста мешавад ва лаккаи нанги дигаре бар таърихи сиёҳаш афзуда хоҳад шуд.
Паймони Миллии Тоҷикистон
01.06.2023

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular