Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВаршава ҳам ба ҳимоят аз Ҷамшед Ёров мехезад

Варшава ҳам ба ҳимоят аз Ҷамшед Ёров мехезад

Як фаоли сиёсӣ аз Варшава ба Паём.нет хабар дод, ки  тоҷикони муқими Ҷумҳурии Лаҳистон (Poland ) ба хотири озодии вакили дифоъ Ҷамшед Ёров ва тамоми маҳбусони сиёсӣ, рузи чаҳоршанбе, 31 -уми Августи соли ҷорӣ дар назди бинои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) тазоҳурот барпо хоҳанд кард. 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ  аз тамоми тоҷикони кишвари Лаҳистон даъват шудааст, ки дар ин чорабинӣ иштирок намоянд. Мубтакирони ин чорабинӣ макони баргузории тазоҳуротро ш. Варшава кучаи Миодова 10 эълон кардаанд.

Қобили зикр аст, ки баъди боздошти Ҷамшед Ёров тоҷикони муқими аксар кишварҳои ҷаҳон элон карданд, ки  ба хотири озодии Ҷамшед Ёров ва маҳбусони сиёсӣ даст ба тазоҳурот хоҳанд зад. Дар ҳамин ҳамин росто 26-август  дар Олмон назди дафтари СММ дар шаҳри Бон бо иштироки зиёда аз 100 нафар тазоҳурот баргузор гардида буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular