Thursday, March 5, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБоздошти мудири як мактаб бо иттиҳоми озори ҷинсии хонандагон

Боздошти мудири як мактаб бо иттиҳоми озори ҷинсии хонандагон

Ба гумони озори ҷинсии ду хонанда мудири як мактаби миёна дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дастгир шудааст. Мақомот расман ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ ба шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, Г. Н. «барои рафтори берун аз одоби педагогӣ бо хонандагон боздошт шуд».

Ӯ гуфт, ду хонандаи синфи 10 ва 11-и ин мактаб шикоят кардаанд, ки мудири мактаб талош кардааст, «ба бадани онҳо даст расонад».

Ҳанӯз нисбат ба мудири мактаб парванда боз нашудааст ва ва гуфтаи манбаъ «ӯ ҳоло дар шуъбаи КДАМ дар ноҳия нигаҳ дошта мешавад».

Наздикони мудири мактаб нахостанд, мавзуъро шарҳ диҳанд, вале гуфтанд, ба бегуноҳияш бовар доранду ба зудӣ раҳо хоҳад шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular