Thursday, March 5, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВазири дифоъи Чин: ба думболи гуфтугӯ бо Амрико ҳастем, даргирӣ фоҷиа меоварад

Вазири дифоъи Чин: ба думболи гуфтугӯ бо Амрико ҳастем, даргирӣ фоҷиа меоварад

Вазири дифоъи Чин гуфтааст, ки кишвараш ба думболи гуфтугӯ бо Амрико аст, чун даргирӣ миёни ду тараф боиси “фоҷиаи ғайри қобили таҳаммул” мешавад. 

Ли Шонгфу рӯзи якшанбе, 4 июн  дар як нишасти амниятӣ дар Сингапур гуфт, ки ҷаҳон ба андозаи кофӣ бузург аст, ки дар он Чин ва Амрико бо ҳам рушд кунанд. 

Ли ин суханонро чанд рӯз пас аз худдорӣ аз дидор бо ҳамтои амрикоии худ барои гуфтугӯҳои мустақим ба забон овардааст. 

Ин аввалин суханронии муҳимми байналмилалии Ли аз оғози кораш ба унвони вазири дифоъи Чин дар моҳ март аст. 

Ба бовари Ли, Чин ва Амрико низомҳои сиёсии мутафовите доранд ва аз бисёр ҷиҳати дигар ҳам бо ҳам мутафовит ҳастанд, аммо ин тафовутҳо набояд ду тарафро аз ҷустуҷӯи заминаҳои муштарак ва манофеъи муштарак барои тавсеаи равобити дуҷониба ва густариши ҳамкориҳо боз дорад. 

Равобит байни Вашингтон ва ба Пекин бар сари бахши васеъе аз масоил аз ҷумла Тайван, ки ба таври демократик идора мешавад, ихтилофоти арзӣ дар Баҳри Чини ҷанубӣ ва маҳдудиятҳои Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико алайҳи содироти баъзе молҳои технолоҷик, ба шиддат тира шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular