Хабарнигорон ва блогерони низомии Русия аз шурӯъи ҳамлаи нерӯҳои укроинӣ ва пешравии онҳо дар бархе манотиқ хабар медиҳанд. Расонаҳои расмии русиву укроинӣ ҳанӯз дар ин бора иттилоъи расмӣ пахш накардаанд.
Хабарнигорони низомии рус ва телеграм-каналҳои наздик ба гурӯҳи “Вагнер” аз ҳамлаи укроиниҳо ҳадди ақал дар ду самт — Укледар ва Запороже хабар медиҳанд.
Дар самти Золотая Нива — Новодонетское, воқеъ дар ҳавмаи Угледар укроиниҳо бо нерӯҳои маҳдуд, ки шомили ҳудуди даҳ техникаи низомӣ аст, ба ҳамла гузаштааст. Дар ин бора қумондони гордони (баталёни) “Восток”-и Русия Александр Ходоковский хабар додааст.
Ходаковский гуфтааст укроиниҳо дар ҳамла муваффақ шудаанд, чун ба хати ҷабҳа ва ҳамла ноаён ворид гаштаанд.
Хабарнигори низомӣ Семён Пегов иттилоъ додааст, ки низомиёни укроинӣ ба қисмате аз шаҳраки Новодонетское, воқеъ дар ҳавмаи Угледар тасарруф кардаанд. “Дар канораҳои шаҳр зарухӯрди шадид идома дорад” — гуфтааст Пегов.
Хабарнигори дигар Владимир Рогов иттилоъ дода, ки аз субҳи барвақт дар Времевское, воқеъ дар самти Запороже низ задухӯрдҳо аз сар гирифта шудаанд.
Аз тарафи дигар қумондони собиқи ҳанги (полки) “Азов” ва ҳоло иҷрокунандаи вазифаи қумондони тайпи (бригадаи) 3-юми ҳуҷумии Укроин Максим Жорин аз пешравиҳои ин тайп дар ҳавмаи Баҳмут хабар додааст.
Ӯ ҳамчунин контроли комили русҳо бар Баҳмутро рад карда, гуфтааст, “онҳо ҳаргиз контроли комил бар Баҳмут надоштанд. Ҳоло дар шаҳр ҷанг бо нерӯҳои артиши Русия идома дорад, дар ҳавмаи Баҳмут бошад, мо ҳар рӯз пештар меравем”.
Ба гуфтаи Жорин гурӯҳи “Вагнер” ба он хотир Баҳмутро тарк кард, ки аз зидҳамлаи Укроин ҳарос дошт ва нерӯе барои муқобилият дар он боқӣ намонда буд. Ӯ хурӯҷи “Вагнер”-ро “фирор” унвон кард.
Дар ҳамин ҳол коршиносони Ғарб, аз ҷумла вазирони дифоъи Амрико ва Бритониё гуфта буданд, ки зидҳамлаи Укроин хеле густарда ва барқосо хоҳад буд. Зоҳиран, ҳамлаҳои имрӯз танҳо “шиносоӣ бо ҳамла” аст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

