Saturday, March 7, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМуҳриддин гуфт бо Лавров масъалаи муҳоҷиронро ба миён гузоштааст

Муҳриддин гуфт бо Лавров масъалаи муҳоҷиронро ба миён гузоштааст

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти хабариаш баъди мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Русия гуфт бо Лавров дар бораи муҳоҷирони тоҷик гуфтугӯ кардааст. 

Вохӯрии вазирони хориҷаи Тоҷикистону Русия имрз 6 июн дар Душанбе баргузор шуд. Сироҷиддини Муҳриддин ба хабарнигорон гуфт, бахши асосии мулоқоти ӯ бо Сергей Лавров вобаста ба муҳоҷирон буд. Дар , ки Вазорати хориҷаи Русия нашр кардааст, дар суханронии муқаддимотӣ зимни мулоқот, вазири хориҷаи Тоҷикистон баъди тамҷид аз густариши ҳамкориҳо бо Русия  мегӯяд “ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират иқдомоти ҳамоҳангшудаи бештареро талаб мекунад ва мо дар ин бора дар рафти мулоқот бештар сӯҳбат хоҳем кард”.  

Се ҳафта қабл аз сафари Лавров ба Тоҷикистон таъқибу фишор ва латукӯб муҳоҷирони тоҷик дар Русия шурӯъ шуд ва ҳади ақал то дирӯз идома дошт. Дирӯз рӯз чанде аз хонандагони “Паём” аз боздоштҳо дар Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Барнаул хабар дода буданд. То ин соати имрӯз аз таъқиби тоҷикон дар Русия хабаре нарасидааст. 

Дар нишасти матбуотӣ Муҳриддин гуфт «дар рафти гуфтугӯ ҳамкориҳои ду кишварро дар бахши муҳоҷират муфассал баррасӣ кардем. Ҷониби Тоҷикистон дар робита ба эътидол овардани равандҳои муҳоҷират қайд кард, ки санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ бояд бо риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони мо дар Русия анҷом шаванд. Дар ин замина аз тариқи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба ҷониби Русия муроҷиати расмӣ фиристода ва дархост карда шуд, ки қонунӣ ва қобили қабул будани ингуна бархӯрдро бо шаҳрвандони мо санҷанд».

Дар ҳамин ҳол, Сергей Лавров, ки дирӯз 5 июн бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд ва бо низомиёни пойгоҳи 201-уми кишвараш вохӯрда, дар онҷо бо лаҳни мутакаббирона ва бо итминон гуфта буд Тоҷииктсон “ба зудӣ фоидаҳои пайвастан ба ИИАО-ро барои худ таъйин” хоҳад кард, дар нишасти матбуотӣ ҳам бо ҳамон лаҳн изҳор дошт, ки Русия ду сол қабл чанд ҳазор муҳоҷири тоҷикро “бахшид”.

Баъди дидор бо Сироҷиддин Муҳриддин, Лавров ва қабули Эмомалӣ Раҳмон рафт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular