Sunday, March 8, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАмири Қатар ба Душанбе омад

Амири Қатар ба Душанбе омад

Имрӯз, 8 июн амири Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ бо сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон шуд.

Тибқи иттилоъи АМИТ «Ховар», дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сониро раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтаанд.

Гуфта мешавад, дар доираи ин сафар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ баргузор гардида, маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳад шуд.

«Ховар» аз ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Тоҷикистон иттилоъ намедиҳад, аммо қаблан расонаҳо навишта буданд, ки қарор аст имрӯз қабл аз аср ин масҷид бо ҳузури раҳбари ду давлат кушода шавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular