Monday, March 9, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетПригожин: агар ба ҳарфҳои Шойгу бовар кунем, кулли артиши Укроин ва НАТО-ро...

Пригожин: агар ба ҳарфҳои Шойгу бовар кунем, кулли артиши Укроин ва НАТО-ро нобуд кардаем

Даргирии лафзии тозае байни гурӯҳи Вагнер ва артиши Русия рӯй дода, ба тавре, ки таниши тӯлонимуддат байни ин ду гурӯҳро дар хатари густариш қарор додааст. 

Евгений Пригожин, раиси Вагнер, иддаоҳои Русия мабнӣ бар ворид кардани хисороти сангин ба Укроин дар Донббас дар ҷараёни зиддиҳамлаи Киевро, рад кард. 

Пригожин гуфт ин иддаоҳо “сирфан як афсонаи фантастикии ифротомез ва пуч” аст. 

Аммо вазорати дифоъи Русия рӯзи сешанбе (6 июн) қотеъонатар аз пеш ин иддаои худро такрор кард ва гуфт, ки Укроин дар он ҳамалот беш аз 3700 сарбоз талафот доштааст. 

Русия гуфт, ки ин даргирӣ, ки дар рӯзҳои якшанбе ва душанбеи гузашта анҷом шуд бахше аз “ҳамла дар минтақаи Донетск аст, ки Укроин аз муддатҳо пеш ваъда дода буд”. 

Артиши Укроин рӯзи душанбе (5 июн) эълом кард, ки аз ҳамлаи бузург дар он минтақа иттилооте надорад ва дар мавриди иддаоҳои “ҷаълӣ” изҳори назар нахоҳад кард. 

Сергий Шойгу, вазири дифоъи Русия, дар гуфтугӯ бо расонаҳои давлатӣ таъкид кард, ки нерӯҳояш дар ҷараёни ҳамла ба Укроин тавонистаанд беш аз 3715 талафот бар он ворид карда ва даҳҳо қитъаи таҷҳизоти низомиро мунфаҷир кардаанд. 

Шойгӯ гуфт: “талошҳои Укроин барои ҳамла шикаст хӯрдааст. Душман мутаваққиф шудааст. Сарбозон ва афсарони рус шуҷоат ва қаҳрамониро дар набардҳо ба намоиш гузоштанд.” Ӯ афзуд, ки 71 сарбози русӣ ҳам дар ин даргирӣ кушта шуданд. 

Бо ин ҳол, Пригожин шомгоҳи душанбе ба суръат иддаоҳои вазорати дифоъи Русияро мавриди интиқод қарор дод ва гуфт чунин иддаое ба маънои он аст, ки як “қатли ом” сурат гирифтааст. “Агар ба ин афсонаҳо бовар кунем, мо на танҳо артиши Укроин, ҳатто кулли артиши НАТО-ро нобуд сохтаем ва касе дар Укроин намондааст, ки алайҳи Русия ҷанг кунад”.

Ӯ дар телеграм навишт: “фикр мекунам инҳо сирфан хаёлпардозиҳои ифротомез ҳастанд.” Ӯ ҳамчунин нерӯҳои русиро ба ақибнишинии “тадриҷӣ ва оҳиста” аз рустои Бархевка дар ҳавмаи Бахмут муттаҳам кард ва онҳоро “мояи нанг” хонд. 

Маскав, рӯзи сешанбе, дар баёнияе иддаоҳои Пригожинро рад кард. Дар ин баёния омадааст, ки иддаоҳои раиси Вагнер “воқеият надорад”, ва таъкид кард, ки ин минтақа дар ҳавмаи Бахмут ҳамчунон таҳти контроли Маскав аст. 

Мақомоти Киев изҳор доштанд, ки дар бархе бахшҳои кишвар ба “амалиёти таҳоҷумӣ” рӯй овардаанд; Рӯзи сешанбе як мақоми амрикоӣ ба СБС-нюз, шарики расонаии Би би си, гуфтааст, ки “дуруст он аст, ки бигӯем зиддиҳамлаи Укроин дар мароҳили ибтидоии худ аст, аммо амалиёти аслӣ ҳанӯз оғоз нашудааст.” 

Рӯзи душанбе, Анна Маляр, муовини вазири дифоъи Укроин, гуфт, ки чанд амалиёти таҳоҷумӣ дар атрофи шаҳри Бахмут дар шарқи ин кишвар, ки ӯ онро “конуни ҷанг” хонд, оғоз шудааст. 

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин, авохири рӯзи душанбе дар як суханронии видеоӣ аз низомиёни укроинӣ барои ироаи “ахборе дар минтақаи Бахмут, ки дар интизораш ҳастем” ташаккур кард. 

Бахмут моҳҳост, ки маркази даргириҳои шадид аст. Ин минтақа арзиши стратегии каме дорад, аммо аз назари намодин ҳам барои Киев ва ҳам барои Маскав муҳим аст. 

Ҷангҷуёни Пригожин ҳузури сангин ва пурранге дар набарди Бахмут доштанд. Пригожин дар ин набард мудом аз мақомоти русӣ ба далели “адами пуштибонӣ дар хатти муқаддам” интиқод мекард. Аммо дар поёни моҳи май гуфт, ки нерӯҳояш дар ҳоли ақибнишинӣ аз шаҳр ҳастанд то контроли онро ба артиши Русия вогузор кунанд. 

Эътиқод бар ин аст, ки раиси гурӯҳи Вагнер ҷоҳталабиҳои сиёсии худро думбол мекунад ва аҳдофи нерӯҳояш ҳамеша бо аҳдофи низомии Русия ҳамсу набуда, ва ҳамин ба таниш байни ду тараф мунҷар шудааст. 

Рӯзи душанбе, ин гурӯҳи шибҳинизомӣ эълом кард, ки як афсари доимии артиши Русияро боздошт кардааст; Вагнер иддао кард, ки ин афсар ба сӯи як худрави Вагнер дар Укроин тирандозӣ кардааст. 

Дар видеое, ки ин гурӯҳ мунташир кардааст ин афсар мегӯяд ин тирандозӣ дар замони мастии ӯ ва ба далели танаффураш аз Вагнер сурат гирифтааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular