Monday, March 9, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМузокироти «сареҳи»Блинкен ва Ибни Салмон бар сари ихтилофот миёни ду кишвар

Музокироти «сареҳи»Блинкен ва Ибни Салмон бар сари ихтилофот миёни ду кишвар

Вазири хориҷаи Амрико ва Муҳаммад ибни Салмон дар бораи бахши васее аз масоили дуҷониба гуфтугӯи “шафоф ва сареҳ” доштаанд. Ихтилофоти ду кишвар аз ҷумла дар мавриди сиёсат дар қиболи Эрон, масоили амниятӣ дар минтақа, қимати нафт ва масъалаи ҳуқуқи башар амиқ аст. 

Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Амрико рӯзи чаҳоршанбе 7 июн бо Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ дидор кард. Хабаргузории Рейтерз дар гузорише ба нақл аз як мақоми амрикоӣ навишт, Блинкен дар миёни тирагии равобити ду кишвар ба далели ихтилофоти амиқ дар мавриди ҳама чиз аз сиёсат дар қиболи Эрон гирифта то масоили амниятии минтақаӣ, қимати нафт ва ҳуқуқи башар вориди Арабистони Саудӣ шуд. 

Сафари Блинкен чанд рӯз пас аз он анҷом шуд, ки Арабистони Саудӣ, содиркунандаи бузурги нафти хом, мутааҳҳид шуд, ки тавлиди нафти худро дар канори тавофуқи густурдатари Опек палюс барои маҳдуд кардани арзаи нафт ба бозори ҷаҳонӣ, коҳиш диҳад. Арабистон бо коҳиши тавлид ба думбол афзоиши қимати нафт аст, ки сиёсати мухолифи майли Амарико аст. 

Ба гуфтаи ин мақоми амрикоӣ, гуфтугӯи ин ду як соату чиҳил дақиқа ба тӯл анҷомид ва мавзӯъоте аз ҷумлаи муносиботи Арабистон бо Исроил, даргирӣ дар Яман, нооромӣ дар Судон ва ҳамчунин ҳуқуқи башарро дар бар гирифт. Ў ба Рейтерз гуфт: “сатҳи хубе аз ҳамгароӣ дар ибтикорот вуҷуд дошт, ки дар он манофеъи муштарак дорем ва дар айни ҳол бароямон равшан шуд, ки дар куҷо ихтилоф дорем”. 

Вашингтон барои тасбит ва беҳбуди равобит бо Риёз талош мекунад. Мақоми амрикоӣ гуфтааст, ки интизор мерафт бахши муҳимме аз гуфтугӯ перомуни оддисозии равобит байни Арабистони Саудӣ ва Исроил бошад, ҳатто агар мақомот эҳтимоли ҳар гуна пешрафти фаврӣ ё умда дар ин мавзӯъро камаҳамият ҷилва диҳанд. Ин мақоми амрикоӣ бидуни ироа ҷузъиёти бештар гуфт: “онҳо дар мавриди потентсиали оддисозии равобит бо Исроил ройзанӣ карданд ва дар идомаи гуфтугӯ дар бораи ин мавзӯъ мувофиқат карданд”. 

Риёз гуфтааст, ки ибтидо бояд ба аҳдофи ташкили кишвари Фаластин пардохт. Арабистон равобити худро бо Эрон, ки рақиби минтақаии Риёзу душмани сарсахти Исроил ба шумор меравад, дар моҳи апрел эҳё кард ва рӯзи гузашта сафорати Ҷумҳурии Исломӣ пас аз ҳафт сол дар Риёз муҷададан бозкушоӣ шуд. 

Фановарии ҳастаӣ, шарти Риёз

Дар гузориш омадааст, ки ин манбаъи огоҳ бо таъйиди гузориши Ню-йорк Таймз дар моҳи март гуфта, ки тавсеъаи барномаи ҳастаии ғайринизомӣ яке аз шурути Риёз барои оддисозии равобит бо Исроил аст. Мақомоти Саудӣ ё Иёлоти муттаҳида аланан ин мавзӯъро таъйид накардаанд. 

Бо ин ҳол мақомоти амрикоӣ дар гузашта низ таъкид кардаанд, ки танҳо дар сурате бо тавофуқномаҳое барои қарор додани фановарии энержии ҳастаӣ дар ихтиёри Риёз мувофиқат мекунанд, ки ин тавофуқнома аз ғанисозии ураниум ё бозфароварии платиниум, (ки метавонад барои сохти силоҳҳои ҳастаӣ истифода шавад) ҷилавгирӣ кунад. 

Робитаи Арабистон ва Чин 

Риёз ҳамчунин аз равобити рӯ ба рушди худ бо Чин баҳра бурда ва Вашингтонро дар баробари бархе хостаҳои худ аз ҷумла рафъи маҳдудияти фурӯши таслиҳот ва кумак ба саноеъи ҳассос бо фанноварии пешрафта водор ба ақибнишинӣ кардааст. Ду рӯз пас аз дидори Блинкен, Риёз мизбони як конфронси бузурги сармоягузории арабӣ ва чинӣ хоҳад буд. 

Ба бовари Ҷонатон Фултон, як коршиноси аршади Шӯрои Атлантик, Чин ба саудиҳо дар бахшҳое кумак мекунад, ки Иёлоти муттаҳида намекунад, аммо равобит байни Риёзу Пекин ба андозаи Вашингтон нест. 

Ӯ мегӯяд: “дар ин марҳала ман ҳанӯз робитаи Амрико ва Арабистонро стратегӣ ва равобити Чин ва Арабистони Саудиро тиҷорӣ тавсиф мекунам.” 

Блинкен сооте қабл аз сафар ба Арабистони Саудӣ дар суханронии худ дар Вашингтон гуфт, ки Иёлоти муттаҳида “манфиъати ҷиддии амнияти миллӣ” дар ҳимоят аз оддисозии равобит миёни Арабистон ва Исроил дорад. Ў дар айни ҳол гуфт: “мо ҳеҷ таваҳҳуме надорем, ки ин корро битавон ба суръат ё ба роҳатӣ анҷом дод.” 

Рейтерз ба нақл аз мақоми амрикоӣ навишт, ки Блинкен ҳамчунин масоили марбут ба ҳуқуқи башарро бо Муҳаммад ибни Салмон дар сатҳи васеъ ва дар иртибот бо мавориди хос матраҳ кард. Ў иттилооте дар бораи ин маврид надод. 

Подшоҳи Саудӣ садҳо миллиард доллар барои таҳаввули иқтисодӣ ва коҳиши вобастагӣ ба нафти хом сармоягузорӣ кардааст. Ин ислоҳоти иқтисодӣ ҳамроҳ бо боздошти теъдоди зиёде аз мунтақидони Ибни Салмон, аз ҷумлаи фаъолони ҳуқуқи башар, рӯҳониён ва бозаргонон будааст. Дар моҳи март, мақомоти Саудӣ як шаҳрванди амрикоиро, ки ба далели интиқод аз давлати Арабистон дар Твитер ба 19 соли зиндон маҳкум шуда буд, озод карданд аммо ӯ ҳамчунон аз сафар манъ шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular