Monday, March 9, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКӯшиши қатли Зеленский зимни боздид аз минтақаи селзадаи Херсон

Кӯшиши қатли Зеленский зимни боздид аз минтақаи селзадаи Херсон

Раисҷумҳури Укроин аз минтақаи Херсон, ки дар пайи фурӯ рехтани сарбанди Каховка зери об рафта, боздид кард. Баъди чанд дақиқаи макони боздидро тарк кардани ӯ, артиши Русия он ҷоро гулӯлаборон кард.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроина аз минтақаи Херсон, ки дар пайи фурӯ рехтани созаҳои нерӯгоҳи барқи обии садди Каховка зери об рафта, боздид кард. Зимни боздид, ӯ бо мрадуми маҳаллӣ дидор ва аз онҳо дилбардорӣ намуд. 

Зоҳиран мақомоти артиши Русия аз ҳузури Зеленский дар Херсон иттилоъ пайдо кардаанд, ки баъди чанд дақиқаи рафтани ӯ макони мулоқоташ бо мардумро гулӯлаборон карданд. Дар натиҷаи он чанд нафар сокини маҳаллӣ захм бардоштаанд.

Херсон дар чандкилометрии хати ҷабҳаи ҷанг қарор дорад. Дар бораи гурӯлаборони макони ҳузури Зеленский чандин расонаи укроинӣ ва ҳамчунин хабаргузории белорусии NEXTA хабар додаанд. Дар ду наворе, ки ин хабаргузорӣ нашр кардааст, лаҳзаи ҳузури Зеленский ва гулӯлаборон баъди рафтанаш нишон дода шудааст.

Зеленский бо интишори паёме дар ҳисоби Твиттери худ эълом кард, ки дар ростои сафари корӣ ба Херсон, барои рафъи паёмадҳои инфиҷори садди Каховка нишасти ҳамоҳанге баргузор кардааст, аммо дар бораи кӯшиши террораш чизе нагуфтааст. 

Вай гуфт ин ки дар ин нишаст масоиле аз қабили вазъияти амалиётии минтақа бар асари ин фоҷиа, тахлияи мардум аз манотиқи селзада, посухгӯӣ ба шароити изтирории ношӣ аз инфиҷори садд ва пуштибонии ҳаётӣ матраҳ шудааст. 

Зеленский бо таъкид бар ин ки ихтисоси буҷа барои арзёбии хисорат ва ҷуброни хисорати осебдидагон аз фоҷиаи муҳим аст, гуфт: қабул ва иҷроии барномае барои ҷуброни хисорот ё ҷо ба ҷои мағозаҳо дар минтақаи Херсон муҳим аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular