Вакили Думаи давлатии Александр Бородай гуфт, ки муҳоҷирон дар Русия як мавзӯъи дохилии кишвар ҳастанд ва ин кишвар метавонад ҳар гуна, ки салоҳ медонад бо онҳо рафтор кунад. Бо чунин лаҳн ӯ ба изҳороти Шоҳин Самадӣ раҳбари департаменти иттилооти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи афзоиши бегонаҳаросӣ дар Русия посух дод.
Пеш аз ин, Шоҳин Самадӣ гуфта буд, Душанбе аз иттилооти дарёфтӣ дар бораи боздошти шаҳрвандони тоҷик бо баҳонаҳои мухталиф дар Федератсияи Русия нигарон аст. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон низ дар навбати худ телеграммаи фаврӣ ба Игор Краснов, додситони кулли Русия ирсол кард ва дар он нигаронии худро аз иттилооти марбут ба боздошти тоҷикҳо иброз намуд.
«Росташро бигӯям, инҷо ҳатто чизе барои баҳс вуҷуд надорад, — гуфтааст Бородай ба News.ru. — Русия ҳаққ дорад аз қаламрав ва шеваи зиндагии худ муҳофизат кунад, аз ҷумла дар баробари ҷараёни бепоёни муҳоҷирон. Ва ба ин ки кадом як дипломати тоҷик дар ин маврид изҳори назари манфӣ мекунад, росташро бигӯям, туф кардаем. Ин кори мост, на ӯ.”
Дар Думаи давлатӣ (парлумони Русия) Бородай намояндаи ҳизби “Единая Россия” аст ва муовинати Кумитаи умури кишварҳои муштарак-ул-манофеъро ба дӯш дорад. Қаблан ин вакили парлумон муқобили сохтани масоҷид дар Русия баромад карда ва онҳоро маҳалли таҷаммӯъи гурӯҳҳои ифротӣ хонда буд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

