Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон аз худкушии 69 ноболиғ дар соли 2022 дар гузориш медиҳад. Писарон нисбати духтарон бештар даст ба худкушӣ задаанд: 38 нафар дар муқобили 31 нафар духтар.
Ин омор дар гузориши солонаи Омбудсмени кӯдак дар Тоҷикистон дарҷ шуда ва гуфта мешавад шаш ноболиғ бемори рӯҳӣ будаанд, аммо сабаби 63 мавриди дигари худкушии наврасон маълум нест.
Ба гузориҳи Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак ин омор дар муқоиса ба соли 2021 чаҳор маврид камтар аст, аммо ташвишовар боқӣ мемонад.
«Дар пайванд ба ин ҳодисаҳо дар соли 2022 чаҳор нафар ба гуноҳи ба худкушӣ расондан маҳкум шуданд,» — омадааст дар гузориши Омбудсмени кӯдак.
Ҳар сол садҳо нафар дар Тоҷикистон ба ҷони худ қасд мекунанд. Баъзе аз онҳо ҳамроҳи худ кӯдаконашонро низ ба об мепартоянд ё меовезанд.
«Зӯроварӣ дар оила дар бисёр ҳолат боис ба оқибатҳои ногувор, ба мисли ҷудошавии оилаҳо, ба худкушӣ даст задан ва содир шудани дигар ҷиноятҳои вазнин мегардад… Даст ба худкушӣ задани занон, аз ҷумла ҳамроҳи фарзандони хурдсол ташвишовар мемонанд,» – гуфта шудааст дар гузориши Омбудсмен ё Ваколатдор дар мавриди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон.
Худкушии ҷавонон ва кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон дар гузашта низ мавриди нигаронии ҷомеа шудааст.
Як пажӯҳиши Бунёди кӯдакони Созмони Милал дар соли 2017 муайян карда буд, ки сабаби асосии қасд ба ҷони худ кардани наврасону ҷавонон бетаваҷҷуҳии волидон, бехабар будан аз ҳолу дунёи онҳо ва маҳрум будан аз навозишу меҳрубонист.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

