Wednesday, March 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет“Шумо аз марзи маҳалгароӣ барвақт гузаштаед!”

“Шумо аз марзи маҳалгароӣ барвақт гузаштаед!”

Вокуниши Меҳмоншо Шарифов ба баҳсҳои маҳалгароёна, ки чанд рӯзи охир дар Фейсбук роҳ афтодааст

Шояд шумо гирди табақи қурутоб одамони хуб бошед, вале имруз баъди таҷрубаи бистучандсолаи шинохти мардум аз фарҳанги шумо, дуруғу лофҳои шумо аз давлатдории шумо, ҳақ надоред баҳси маҳалгироиро бардоштан ва касеро муттаҳам намудан.

Мардум ин фарҳанги пастро дар вуҷуд, ҳастӣ ва воқеъияти худ таҷруба кард. Ҳамин зарфияти сиёсии музофотӣ — маҳаллӣ -оилавии шумо буд, ки мардум гадо, муҳоҷир ва ғариб гардид, фасод, дуздӣ ва дуруғ ниҳодина шуд…

Дақиқан шумо аз марзи маҳалгироӣ барвақт гузашатаед ва имруз, ки ҳамчун олим — шоир — нависанда — файласуф — сиёсатшинос — рузноманигор = хокшап, дар атрофи гуруҳе хоину ҷинояткор ҷамъед, дақиқан аз ҷумлаи онҳоед…

Хиёнат ҳамин аст, ки истиқлолро ба афсона табдил додед, давлатро хусусӣ (соягӣ) кардед ва ин сарзаминро ба ҳар кас ки хостед фурухтед, дируз дар оғуши Руссия ва имруз дар оғуши Чинед. Гадоӣ ва фоҳишагии сиёсӣ яке аз хусусиятҳои калидии “давлатдори” -и шумоянд.

Ҷиноят,ҳамин аст ки солҳо боз ба “фитна андохтан ва ба турктозӣ кардан” машғулед ва дар ин сарзамин ҷойе нест, ки мардум амнияти вуҷуди ва иҷтимоӣ дошта бошанд, ба террор, ба дуздии мардум, ба зиндони кардан ва ғорат кардани моликияти ҳалоли мардум машғулед.

Имруз, ки мардумро ба маҳалгироӣ муттаҳам кардани мешавед, як бор ба худ нигоҳ кунед, ки чи касед ва дар ҷаҳон ва дар ин сарзамин чи мегузарад…!?

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular