Thursday, March 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИстиқрори силоҳҳои ҳастаии Руссия дар Белорус чӣ паёмад хоҳад дошт?

Истиқрори силоҳҳои ҳастаии Руссия дар Белорус чӣ паёмад хоҳад дошт?

Русия рӯзи чаҳоршанбе 14 июн ирсоли силоҳҳои ҳастаии тактикии худро ба Беларус оғоз кард. Ин аввалин бор пас аз фурӯпошии ҷамоҳири Шӯравӣ дар соли 1991 аст, ки Маскав таслиҳоташро дар хориҷ аз хоки ин кишвар мустақар мекунад. 

Ба назар мерасад Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо ин кор қасд дорад ба Ғарб ин паёмро бидиҳад, ки ӯ дар ҷанги Укроин ақибнишинӣ нахоҳад кард. 

Путин пештар дар 25 март дар мусоҳибае қасдаш барои анҷоми ин корро эълом карда буд. 

Ӯ гуфта буд омодагии Бритониё барои таъмини муҳиммоти дорои ураниуми заифшуда ба Укроин, Маскавро ба ин тасмим водор кардааст. 

Беларус низ дар ин бора мегӯяд истиқрори ин таслиҳот дар посух ба “сиёсати таҳоҷумӣ”-и Ғарб аст ва ҳадаф аз он водор кардани раҳбарони ғарбӣ ба фикр кардан, қабл аз ташдиди танишҳо аст. 

Рӯзи гузашта “Волл стрит журнал” дар гузорише навишт Иёлоти муттаҳида қасд дорад гулӯлаҳои танки дорои ураниуми заифшуда ба Укроин ирсол кунад. 

Чӣ навъи силоҳҳои ҳастаӣ ва дар куҷо мустақар хоҳанд шуд? 

Путин мегӯяд таслиҳоти ҳастаии “тактикӣ” ба Беларус мефиристад, аммо ба таври дақиқ ишора накард, ки кадом кулоҳакҳо ва дар куҷо мустақар хоҳанд шуд. 

Бо ин ҳол Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус гуфтааст бархе аз ин кулоҳакҳо се баробар қавитар аз бомбаҳои атомӣ ҳастанд, ки Иёлоти муттаҳида дар августи 1945 бар рӯйи шаҳрҳои Ҳиросима ва Нагасаки андохт. 

Бомби Ҳиросима, сохташуда аз ураниум-235 бо ғинои боло, 16 киллотонна яъне муодили 16 ҳазор тонн тротил ва бомби Нагасаки, сохташуда аз платуниум-239, ҳудуди 21 киллотонна буд. 

Бар асоси таҳлили мутахассисони соҳа, Русия ҳудуди 1816 кулоҳаки ҳастаии ғайристратегӣ дорад. 

Тибқи гуфтаи онҳо, мушакҳои баллистики кӯтоҳбурди “Искандар”, ки метавонанд кулоҳакҳои ҳастаии ҳамл кунанд, қаблан ба Беларус таҳвил дода шудаанд. Манобеъи рус мегӯянд “Искандар” бурди муодили 500 километр дорад. 

Путин ҳамчунин гуфтааст, ки тағйироте дар 10 фарванд ҳавопаймои Беларус дода шудааст то қодир ба ҳамли ин кулоҳакҳо бошанд. Минск ҳам мегӯяд ҳавопаймоҳои Сухой-25 барои ҳамли кулоҳакҳо дар назар гирифта шудаанд. Ба гуфтаи манобеъи русӣ, бурди парвози ин ҷети ҷангӣ то ҳазор километр аст. 

Федератсияи донишмандони ҳастаии амрикоӣ гуфтааст, ки ин таслиҳот метавонанд дар пойгоҳи ҳавоии “Лида” воқеъ дар 40 километриии марзи Литва мустақар шаванд. 

Агар чунин бошад, ҳавопаймоҳое, ки бомбаҳоро ҳамл мекунанд ба таври билқувва метавонанд ба аксари нуқоти Укроин, тақрибан тамоми Аврупои шарқӣ, аз ҷумла кишварҳои Балтика, Лаҳистон, Словакия, Венгрия, Чехия, Руминия, бахше аз Олмон, ҳамчунин бархе аз Дания, Суис ва Финланд бирасанд ва шаҳрҳое монанди Берлин ва Стокголм низ дар бурди парвози ин ҷангандаҳо хоҳанд буд. 

Контроли силоҳҳои атомӣ бар ӯҳдаи кадом кишвар хоҳад буд? 

Путин дар ин бора гуфтааст ҳамон тавр, ки Амрико таслиҳоти ҳастаии тактикии худро дар Аврупо контрол мекунад Маскав ҳам таслиҳоташро дар хориҷ аз хоки кишвараш контрол хоҳад кард. 

Амрико аз даҳаи 1950 силоҳҳои ҳастаии худро дар пойгоҳҳои НАТО дар Аврупо мустақар кардааст. 

Путин борҳо дар бораи 200 кулоҳаки ҳастаии тактикии Б.61-и Амрико, ки дар пойгоҳҳои дар Белгия, Нидерланд, Олмон, Италия ва Туркия мустақар шудаанд, ибрози нигаронӣ кардааст. 

Хатароти таслиҳоти ҳастаӣ 

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ дар соли 1991 Амрико талоши зиёде кард то таслиҳоти ҳастаии Шӯравии собиқ мустақар дар Беларус, Укроин ва Қазоқистон ба Русия бозгардонда шаванд. 

Путин бо бозгардондан ва истиқрори силоҳҳои ҳастаӣ дар Беларус нишон медиҳад, ки сохтори контроли таслиҳоти ҳастаӣ пас аз ҷанги сард дар ҳоли фурӯпошӣ аст. 

Амрико ва НАТО чӣ мегӯянд? 

Амрико бо интиқод аз тасмими Путин, гуфтааст, ки қасди тағйири мавзеъ дар қиболи силоҳҳои ҳастаии стратегиро надорад ва ҳеҷ нишонае мабнӣ бар омода шудани Русия барои истифода аз силоҳи ҳастаиро намебинад. 

Вазорати умури хориҷаи Иёлоти муттаҳида дар 27 март тасмим барои истиқрори ин таслиҳот дар Беларусро маҳкум кард. 

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО низ дар 18 апрел гуфт ин тасмими Путин ғайримасъулона аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular