Saturday, March 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАз саргирии равобити дипломатик байни Катар ва Амороти муттаҳидаи арабӣ

Аз саргирии равобити дипломатик байни Катар ва Амороти муттаҳидаи арабӣ

Қатар ва Амороти муттаҳидаи арабӣ равобити дипломатик ва фаъолияти сафоратхонаҳои худро аз сар гирифтанд. 

Вазорати умури хориҷаи Қатар ва Амороти муттаҳидаи арабӣ тайи баёнияи муштарак эълом карданд, ки равобити дипломатик ва фаъолияти сафоратхонаҳои ду кишвар аз дирӯз душанбе, 19 июн аз сар гирифта шудааст. 

Дар ин баёния ҳамчунин омада, бар асоси тавофуқномаи “Ал-Аъло” ва талоши Қатар ва Аморот барои тақвияти равобит аз дирӯз фаъолияти сафоратхонаҳои ду кишвар аз сар гирифта мешавад. 

Ин дар ҳоле аст, ки хабаргузории расмии Қатар “ҚНО” пештар гузориш дод, ки Муҳаммад ибни Абдурраҳмон оли Сонӣ, вазири умури хориҷаи ин кишвар аз Абдуллоҳ ибни Зоид, ҳамтои аморотии худ тамоси телефонӣ дарёфт кард. 

Бар ин асос, тарафайн аз саргирии фаъолияти сафорати Қатар дар Абудабӣ ва консулгарии ин кишвар дар Дубай ва сафорати Амороти муттаҳидаи арабӣ дар Дохаро ба якдигар табрик гуфтаанд. 

Ҳамчунин оли Сонӣ ва Ибни Зоид тайи ин муколимаи телефонӣ равобити дуҷониба, роҳҳои густариш он ва масоили минтақаӣ ва ҷаҳониро мавриди баҳс ва гуфтугӯ қарор додаанд. 

Ин дар ҳоле аст, ки Қатар ва Баҳрайн дар моҳи апрели гузашта равобити дипломатики худро муҷаддадан аз сар гирифтанд. 

Гуфтанист Арабистони Саудӣ, Миср, Баҳрайн ва Амороти муттаҳидаи арабӣ дар 5 июни 2017 тамоми равобити дипломатики худ бо Қатарро қатъ ва алайҳи ин кишвар таҳримҳои иқтисодӣ иъмол карданд. 

Пас аз иҷлоси “Ал-Аъло” дар Арабистони Саудӣ дар моҳи январи 2021, кишварҳои зикршуда ҳали ихтилофот бо Қатарро эълом карда ва аз барқарории равобит бо ин кишвар хабар доданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular