Saturday, March 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет300 покистонӣ дар натиҷаи ғарқ шудани қаиқи муҳоҷирон дар Юнон кушта шуданд

300 покистонӣ дар натиҷаи ғарқ шудани қаиқи муҳоҷирон дар Юнон кушта шуданд

Муҳаммадсодиқ Санҷронӣ, раиси Маҷлиси Санои Покистон рӯзи якшанбе дар баёнияе эълом кард, ки шумори атбоъи покистонии ҷонбохта дар ҳодисаи ғарқ шудани қаиқи муҳоҷирон дар наздикии савоҳили Юнон дар дарёи Мидитарона ба беш аз 300 нафар расидааст. 

Санҷронӣ дар баёнияи худ хонаводаҳои ҷонбохтагонро хитоб қарор дод ва гуфт: “ба шумо меандешем ва барои шумо ва арвоҳи гузаштагон дуо мекунем. Умедворем дар оромиш бошанд. Ин фоҷиа таъкиде аст бар ниёзи фаврӣ ба маҳкумият ва расидагӣ ба иқдомоти ғайриқонунии қочоқчиёни инсон.” 

Таъйини шумори ҷонибохтагони ин ҳодиса тавассути мақомоти покистонӣ дар остонаи рӯзи ҷаҳонии паноҳанда анҷом шуд. Созмони милали муттаҳид ҳамасола дар рӯзи 20 июн “қудрат ва шуҷоати афроде, ки ба далели муноқишот ва озору азият ночор ба тарки хонаҳои худ шудаанд” гиромӣ медорад. Созмони милал шиори имсоли ин рӯзро “умеди дур аз хона” таъйин кардааст. Ин ниҳод дар соли 2001 ва ҳамзамон бо панҷоҳумин солгарди Конвенсиюни вазъияти паноҳандагон, ин рӯзро рӯзи ҷаҳонии паноҳандагон ном ниҳод. 

Ин дар ҳоле аст бар асоси охирин феҳристи бунёди “муттаҳид дар баробари марги паноҳандагон”, дар сӣ соли ахир дасти кам 52 ҳазору 760 паноҳҷу ва паноҳанда дар роҳ ё қаламрави Аврупо кушта шудаанд. 

Созмони милали муттаҳид ҳамчунин рӯзи чаҳоршанбе 14 июн дар гузорише, ки онро навъе “кайфархост” алайҳи вазъияти кунунии ҷаҳон хонд аз шумори бесобиқаи оворагон парда бардошт. Бар асоси ин гузориш дар ҳоли ҳозир дасти кам 110 миллион нафар дар саросари ҷаҳон ба далоили гуногун аз ҷумла ҷанг ва муноқишоти дохилӣ маҷбӯр ба тарки хона ва маҳалли зиндагии худ шудаанд. 

Ба гузориши Созмони байналмилалии муҳоҷират, дар қаиқи мазкур, ки рӯзи чаҳоршанбе 14 июн дар савоҳили Юнони Медитарона (баҳри Миёназамин) ғарқ шуд, ҳудуди 750 нафар ҳузур доштанд. 

Илва Юҳанссон, комиссари Иттиҳодияи Аврупо дар умури дохилӣ ин фоҷиаро, ки мунҷар ба ҷон бохтани садҳо нафар шудааст “яке аз бадтарин трагедиҳои дарёи Мидитарона” тавсиф кард. 

Хонум Юҳанссон бо маҳкум кардани нақши “қочоқчиён” дар вуқӯъи чунин ҳаводисе гуфт: “онҳо мардумро на ба Аврупо балки ба коми марг мефиристанд. Мо бояд ҷилави онҳоро бигирем.” 

Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон дар твитте навишт: “ба манзури равшан шудани ҳақоиқи ҳодисаи ғамангези чаппашавии қаиқ дар савоҳили Юнони баҳри Миёназамин, дастури анҷоми таҳқиқот дар болотарин сатҳро содир кардам. Идораи таҳқиқоти федерал ва дигар ниҳодҳои муҷрии қонун муваззафанд то зиндагиро барои дастандаркорони қочоқи инсон душвор созанд. Ҳамчунин ба вазорати хориҷаи Покистон дастур додам дар ҳамоҳангии комил ва дар ҳама сутҳҳо ба ҷамъоварии иттилоот дар бораи кушташудагон бипардозад. Ба миллат итминон медиҳам касоне, ки дар анҷоми вазоифи худ кӯтоҳӣ кардаанд, посухгӯ хоҳанд шуд.” 

Ба рағми вуҷуди хатарот, даҳҳо ҳазор нафар ҳозиранд аз ҳама чизи худ бигзаранд ва ба ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар аз ҳар роҳе раҳсипори Аврупо шаванд. Бо ин вуҷуд ба назар мерасад бисёре аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо вуруди муҳоҷирон ба хоки худро ҳар рӯз душвортар мекунанд. 

Вазирони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо рӯзи панҷшанбе 9 июн дар Люксембург, бо ғалаба бар муқовамати бархе кишварҳо ба вижа Италия ва Юнон, дар ниҳоят дар мавриди ду ҷанбаи калидии ислоҳи сиёсатҳои муҳоҷиратӣ ба тавофуқ расиданд. Ин ислоҳот мунҷар ба сохта шудани як низоми ҳамбастаи ҷадид дар расидагӣ ба вазъияти паноҳҷуён мешавад ва имкони баррасии сареъи дархости бархе аз муҳоҷиронро марзҳои кишварҳои аврупоӣ фароҳам хоҳад кард то имкони бозгардонидани муҳоҷирин ба кишвар аслӣ ё кишвари транзит муҳаққиқ шавад. 

Бар асоси яке аз бандҳои ин ислоҳот кишварҳои узв муваззаф мешаванд то барои дархости паноҳандагии муҳоҷиронеро, ки аз назари оморӣ камтарин шансро барои эътои вазъияти паноҳандагӣ доранд сареъан ва ҳадди аксар зарфи 12 ҳафта дар марокизи марзӣ расидагӣ кунанд. 

Никол Дюмор, вазири умури паноҳандагӣ ва муҳоҷирати Белгия гуфт: “барои мисол, ин банд дар мавриди атбоъи Марокаш, Алҷазоир, Тунис, Сенегал, Бангладеш ва Покистон сидқ мекунад.” 

Чаро қаиқи муҳоҷирон ғарқ шуд? 

Агарчи мақомоти Юнон ҳанӯз на танҳо омори Покистон мабни бар теъдоди кушташудагонро таъйид накардаанд балки аз ироаи ҷузъиёти ҳодиса низ са рбоз мезананд, Тар Ал-Даруби, ки се тан аз бастагонаш ба ин қаиқ савор буданд дар гуфтугӯ бо СNN изҳор дошт, ки мусофирони нерӯҳои юнониро дида буданд, ки қаиқи муҳоҷиринро бо таноб мекашиданд. Аммо юнониҳо танобҳоро дар “маконҳои иштибоҳ” баста буданд ва ҳамин боиси вожгунии қаиқ шуд. 

Ал-Даруби гуфт: “қаиқи онҳо дар вазъияти хубе буд ва нерӯи баҳрии Юнон саъй кард онҳоро ба соҳил бикашонад аммо танобҳо дар маконҳои иштибоҳ баста шуда буд ва вақте шиноварҳои нерӯи баҳрии онҳоро кашид, қаиқ вожгун шуд.” 

Бо ин ҳол Илё Сикандарис, сухангӯи давлати Юнон ба шабакаи телевизиони миллии Юнон гуфт, ки “ҳеҷ иртиботе” миёни нерӯи баҳрии Юнон ва ғарқ шудани қаиқи муҳоҷирон вуҷуд надорад ва горди соҳилӣ ду соат пеш аз хомӯш шудани мотори киштӣ ва ғарқ шудани он ба маҳал ворид шудааст. Вай афзуд: “мотори қаиқи муҳоҷирон соати 1:40 бомдод хароб шуд ва ин қаиқ соати 2:00 бомдод ғарқ шуд. Пас ҳеҷ иртиботе миёни ин ду вуҷуд надорад.” 

Никос Алексио, сухангӯи горди соҳилӣ низ дар гуфтугӯ бо СNN эълом кард: “вақте қаиқ вожгун шуд, мо ҳатто наздикаш набудем. Чигуна метавонистем онро бикашем?”

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular