Saturday, March 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДидори Блинкен бо Си Ҷинпин дар Пекин. Созанда ё ихтилофот ҳамчунон побарҷост?

Дидори Блинкен бо Си Ҷинпин дар Пекин. Созанда ё ихтилофот ҳамчунон побарҷост?

Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрик дар поёни сафари дурӯзаи худ ба Пекин рӯзи душанбе бо Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин дидор кард. Ба назар мерасад ҳадафи сафари Блинкен ҳосили итминон аз ин будааст то ихтилофоти густурда байни ин ду абарқудрат ба даргирӣ мунҷар нашавад. 

Ин нахустин дидори вазири хориҷаи Амрико аз Пекин дар панҷ соли гузаштааст. Гуфтугӯи Блинкен ва мақомоти Чин ба унвони маҳаке барои имкони коҳиши танишҳо миёни ин ду абарқудрат байналмилалӣ арзёбӣ мешавад. 

Ҳайати ҳамроҳи вазири хориҷаи Амрико ва ҳайати чинӣ ба раҳбарии Си дар дувумин рӯзи сафари Блинкен ба Пекин рӯ дар рӯ гуфтугӯ карданд. Ин сафар метавонад фароҳамкунандаи дидори ояндаи раисҷумҳур ду кишвар дар соли ҷорӣ бошад. 

Си дар оғози ин ҷаласа, ки аз телевизиони давлатии Чин пахш мешуд гуфт: “гуфтугӯи миёни дутараф сареҳ ва амиқ аст.” 

Вай хитоб ба Энтони Блинкен афзуд: “вазир муҳтарам, умедворам битавонед зимни ин дидор саҳми бештаре дар тасбити равобит байни Чин ва Амрико дошта бошед”.  

Си Ҷинпин ҳамчунин раванди музокирот миёни Вашингтон ва Пекинро мусбат арзёбӣ кард ва гуфт: “гуфтугӯҳое миёни ду тараф пешрафт дошт ва дар бархе мавзӯъоти хос ба тавофуқ расиданд. Ин бисёр хуб аст.” 

Энтони Блинкен пеш аз ин, рӯзи душанбе дар Аморати Диаютайи Пекин бо Ван И, дипломати аршади Чин дидор кард. Бар хилофи суханони Си мабнӣ бар пешрафт дар музокирот, ба назар мерасад гуфтугӯи миёни вазири хориҷаи Амрико ва Ванг, ки беш аз се соат ба тӯл анҷомид, натиҷаи хоссе дар бар надошт ва ду тараф ҳамчунон бар сари масоили бисёре ба вижа ҷазираи Тайван ихтилофи назарҳои асосӣ доранд. Бо ин ҳол вазорати хориҷаи Амрико ин гуфтугӯҳоро “созанда” унвон кард. 

Ван сатҳи равобит миёни Амрико ва Чинро “бисёр поин” донист ва сабаби ин коҳиши равобитро “дарки иштибоҳи Амрико аз Чин” унвон кард. 

Бинобар ба баёнияи вазорати хориҷаи Чин, Ван дар ин дидор гуфт: “мо бояд бо нигариши масъулонае ба мардум, таъриху ҷаҳон, морпечи нузули равобит миёни Амрико ва Чинро баръакс кунем.” 

Ӯ ҳамчунин аз Иёлоти муттаҳида хост то “ба гумоназанӣ дар робита бо таҳдиди Пекин поён диҳад, иқдомоти худро бо ҳадафи “ҷилавгирӣ” аз пешрафти илмӣ ва фановарии Чин канор бигузорад ва аз дахолат дар умури дохилии ин кишвар даст бардорад.” 

Бино бар эъломи вазорати хориҷаи Амрико, Блинкен дар ин дидор бар “лузуми коҳиши хатари бардошти ғалат ва иштибоҳи муҳосиботӣ” таъкид кард. 

Ҳар ду тараф ҳамчунин бар осонсозии сафари гардишгарони худ ба ду кишвар таъкид ва бар сари афзоиши парвозҳои мусофирбарӣ мувофиқат карданд. 

Дар нахустин вокунишҳо нисбат ба дидори Энтони Блинкен ва Си Ҷинпин, Франк Валтер Штайнмайер, раисҷумҳури Олмон, ки рӯзи душанбе мизбони Ли Ҷян, нахуствазири Чин буд, хостори “тақвияти каналҳои иртиботӣ” миёни Вашингтон ва Пекин шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular