Thursday, March 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБоздошти зане, ки аз қашшоқӣ мехост кӯдакашро фурӯшад

Боздошти зане, ки аз қашшоқӣ мехост кӯдакашро фурӯшад

Вазорати корҳои дохила Дилдора Холмирзоева, сокини 33-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо иттиҳоми кӯшиши фурӯши фарзанди худ боздошт кард. Ин ниҳод дар барномаи телевизионии “Пайки Суғд” хабар дод зан ҳангоми фурӯши фарзандаш дастгир шудааст.

Ба гуфтаи ВКД ин зан, ки алъон дар шаҳри Бӯстон зиндагӣ мекард, ду фарзанди хурдсол дошта, ҳозир бо кӯдаки сеюмаш ҳомиладор аст.

“Ӯ мехост, ки яке аз фарзандон — духтари сесолаашро ба ивази 5 ҳазор сомонӣ фурӯшад. Муомилоти хариду фурӯш рӯзи 10 июн, дар зодрӯзи духтарча таъин шуда буд. Дар бораи ин кори Холмирзоева ба шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД вилояти Суғд хабари фаврӣ расид. Дар натиҷа ӯ рӯзи муомилот бо далели шайъӣ боздошт шуд”, — хабар медиҳад ВКД.

Худи Холмирзоева ҳангоми бозпурсӣ барои ҳифз ва бегуноҳ вонамуд кардани худ мегӯяд, ки «бо сабаби камбизоатӣ» ба ин кор даст задааст.

Нисбат ба Дилдора Холмирзоева мутобиқи моддаи 167 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Хариду фурӯши кӯдакон) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар ин модда ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол пешбинӣ шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular