Thursday, March 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМакрон: Аврупо бояд бидуни такя ба Амрико аз ҳарими ҳавоии худ дифоъ...

Макрон: Аврупо бояд бидуни такя ба Амрико аз ҳарими ҳавоии худ дифоъ кунад

Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса бори дигар хостори эҷоди як системи дифоъии ҳавоии мустақил аз Иёлоти муттаҳида дар Аврупо шуд. 

Макрон рӯзи душанбе аз кишварҳои аврупоӣ хост ба думболи истиқлоли бештар дар дифоъ аз ҳарими ҳавоии худ бошанд то бад-ин тартиб аз такяи беш аз ҳад ба Амрико худдорӣ намоянд. 

Раисҷумҳури Фаронса дар нутқи хотимавии конфронсе дар Париж аз аврупоиҳо хост ба думболи стратегияи бумии ҳифозат аз ҳарими ҳавоии худ бошанд; Мавзӯе, ки аҳамияти он пас аз таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин дучандон шудааст. 

Вай дар ин хусус тасреҳ кард: “бояд ба хубӣ аз шароити таҳдид огоҳ бошем ва бидонем, ки мо, аврупоиҳо дар чӣ заминаҳое тавони тавлид дорем ва чӣ чизеро бояд харидорӣ кунем.” 

Раисҷумҳури Фаронса сипас нисбат ба хариди фаврии “ҳар он чи дар анборҳо боқӣ монда” ҳушдор дорад ва бад-ин тартиб лузуми фароҳам кардани таҷҳизоти лозимро ёдоварӣ кард. 

Ба гуфтаи баргузоркунандагони ин конфронс, ки дар он дипломатҳои олирутбаи аврупоӣ ҳузур доштанд, таҳоҷуми тамомайёри Русия ба Укроин аҳамият ва коромадии дар ихтиёр доштан чунин таҷҳизотеро тақвият кардааст. 

Муқобила бо ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, тақвияти дифоъ дар баробари мушакҳои баллистик ва боздорандагии силоҳҳои ҳастаӣ аз ҷумлаи мавзӯъоти дигаре буд, ки дар ин нишаст мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт. 

Дар ин нишаст дипломатҳои аз Олмон, Бритониё ва Суид, дар канори ҳамсоягони Укроин аз ҷумла Лаҳистон, Словакия, Венгрия ва Руминия ва низ намояндагоне аз НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо ҳузур доштанд. 

Макрон созандагони таҷҳизоти дифоъӣ дар Аврупоро ба сохти системҳои низомии мустақил ва интиқоли хатти тавлиди ин таҷҳизот ба дигар нуқоти қора ташвиқ кард. 

Вай зимни ҳимоят аз “стандартҳои пешрафтаи аврупоӣ” гуфт, ки стандартсозии Иёлоти муттаҳида мунҷар ба вобастагии Аврупо ба ин кишвар шудааст. 

Раисҷумҳури Фаронса хотирнишон кард: “амрикоиҳо хеле бештар аз мо стандартсозӣ кардаанд ва худашон созмонҳое дар сатҳи кишвар доранд, ки кӯмакҳои ҳангуфтеро дар ихтиёри тавлидкунандагон қарор медиҳанд.” 

Вай афзуд: сомонаи зиддимушакии “Мамба”, ки тавассути Фаронса ва Италия сохта шудааст “акнун дар Укроин мустақар ва амалиётӣ аст ва аз таъсисот ва ҷони инсонҳои калидӣ муҳофизат мекунад”. 

Макрон дар идома ба сомонаи зиддимушаки “Мамба”, ки тавассути Фаронса ва Италия сохта шуда ишора кард ва гуфт, ки ин сомона “акнун дар Укроин мустақар ва амалиётӣ шуда ва барои ҳифозат аз таъсисот ва ҷони инсонҳо аз он истифода мешавад.” 

Таҳвили ин системи падофанди мушакӣ ба Укроин тавассути Париж дар моҳи феврали гузашта расонаӣ шуда буд. Эммануэл Макрон дар бахши дигаре аз суханони худ таъкид кард: “акнун ин воқеан Аврупост, ки ба ҳифозат аз Аврупо бархестааст.” 

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, сомонаи зиддимушакии “Мамба” акнун бахше аз дифоъи ҳавоӣ ва мушакии якпорчаи НАТО-ро ташкил додааст. 

Фаронса пештар ҳамчунин ошкоро аз барномаҳои Олмон барои беҳбуди қобилиятҳои дифоъи ҳавоии Аврупо интиқод карда буд. 

Пружаи “Сипари осмон”-и Аврупо, ки поёни соли гузашта роҳандозӣ шуд мушорикати 17 кишвари аврупоӣ, аз ҷумла Бритониёро ба ҳамроҳ дорад аммо Фаронса дар он ҳузур надорад. 

Давлати Фаронса мӯътақид аст, ки ин пружа ба андозаи кофӣ таҳти назорати Аврупо нест, зеро интизор меравад то ҳадди зиёде ба саноеъи ҳавоии Иёлот муттаҳида ва Исроил мутакӣ бошад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular