Субҳи дирӯз дар корхонаи борути шаҳри Тамбов дар Русия таркиш рух дод, ки дар натиҷаи он 4 нафар кушта ва 12 нафари дигар захмӣ шуданд. Бархе расонаҳо аз кушта шудани 5 нафар хабар медиҳанд. Ин корхона яке аз бузургтарин корхонаҳои истеҳсоли борут дар Русия аст, ки ширкатҳои зиёди силоҳсозиро бо борут таъмин мекунад.
Мақомоти ин корхона сабаби таркишро “техникӣ” номида, гуфтаанд он дар натиҷаи иштибоҳи таъмиргарони “аз берун даъватшуда” ба амал омадааст.
Дар ҳамин ҳол, Наталия Сад, сухангӯи “Укроборонпром”, ниҳоде, ки истеҳсоли силоҳ дар Укроинро таҳти контрол дорад, соате пас аз ин таркиш аз истифодаи “муваффақиятомез”-и паҳподи истеҳсоли укроинӣ бо бурди 1000 километр хабар дод. Ӯ ин иттилоъро бо нашри аксе ҳамроҳ бо сарфармондеҳи Нерӯҳои мусаллаҳи Укроин Валерий Залужний расонаӣ кардааст.
Гуфтанист масофа аз Киев то Тамбов ҳамагӣ 800 километр аст.
Укроин то ҳанӯз ҳеҷ амалиёт дар дохили Русияро расман ба дӯш нагирифтааст, аммо зимнан бо нашри ахбори ишоракунанда ба онҳо баъди иттифоқ афтоданашон, ба ҷомеъа паём медиҳад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

