Wednesday, March 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБайден Си Ҷинпинро диктатор хонд. Чин дар посух ин изҳоротро “аҳмақона” номид

Байден Си Ҷинпинро диктатор хонд. Чин дар посух ин изҳоротро “аҳмақона” номид

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, Си Ҷинпин раисҷумҳури Чинро дар як гирдиҳамоӣ диктатор хонд. Дар посух Чин ин ҳарфҳоро «аҳмақона ва ғайримасъулона» номид.

Ин як рӯз баъд аз он аст, ки Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Амрико дар ҷараёни сафар ба Пекин, ки ҳадафи он коҳиши таниш миёни ду абарқудрати рақиб буд, бо Си Ҷинпин дидори эъломнашуда дошт. 

Си дар дидор бо Блинкен таъйид кард, ки пешрафтҳое [дар равобити Пекин ва Вашингтон] ба даст омадааст ва Блинкен ҳам гуфт, ки ду тараф пазирои музокироти бештар ҳастанд. Дидори Блинкен ва Си дар барномаи расмӣ набуд ва пас аз мулоқоти Блинкен бо Ван И мақоми аршади сиёсати хориҷии Чин баргузор шуд. 

Чин вокуниши хашмгинонае нисбат ба изҳороти Ҷо Байден дар ташбеҳ кардани Си Ҷинпин ба диктаторҳо нишон дод. 

Вазорати умури хориҷаи Чин изҳороти Ҷо Байденро аҳмақона ва таҳрики сиёсии ғайримасъулона хонда, ки шаъни сиёсии Чинро нақз мекунад.

Раисҷумҳур Амрико, ки дар ҷараёни рӯйдоде барои ҷамъоварии кумакҳои молии интихоботи дар Калифорния сӯҳбат мекард гуфт, ки Си аз танишҳои ахир перомуни балонҳои ҷосусии Чин, ки вориди Амрико шуда буд, шарманда аст. 

Ӯ гуфт: “далели нороҳатии зиёди Си, дар замоне, ки ман тасмим ба соқит кардани балони пур аз таҷҳизоти ҷосусӣ гирифтам, ин буд, ки намедонист онҷост.” 

Ҷо Байден изофа кард “ин барои диктаторҳо мояи шармандагӣ аст. Вақте намедонанд, ки чӣ иттифоқе афтода.” 

Ҳадаф аз сафари Блинкен ба Пекин, ки аввалин сафари як вазири хориҷаи Амрико ба Чин баъд аз тақрибан панҷ сол буд, аз саргирии иртиботот дар сатҳи болои миёни ду кишвар буд. Равобити ду кишвар ба вижа аз замони парвози балонҳои Чин дар осмони Амрико ва сарнагунии онҳо муташанниҷтар шуда буд. 

Ҳарчанд Блинкен баъд аз ин дидор равшан кард, ки ихтилофоти умдае байни онҳо вуҷуд дорад аммо таъкид кард, ки рақобат бо Чин набояд ба душманӣ мунҷар шавад. 

Вашингтон ва Пекин аз дер боз бар сари риштаҳое аз масоил аз ҷумла тиҷорат, ҳуқуқи башар ва Тайван даргир будаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular