Thursday, March 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБарои хидмати пулакӣ даъватшавандагон имсол 43 млн пардохтаанд

Барои хидмати пулакӣ даъватшавандагон имсол 43 млн пардохтаанд

Ҳазору 500 ҷавони синни даъватӣ бо пардохти қариб 43 млн сомонӣ дар даъвати баҳории имсола ба хидмати ҳарбии пулакӣ ҷалб шудаанд. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо истинод ба Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Маҳмадалиев гуфаи, ҳар як даъватшавнада бо пардохти 28 ҳазору 560 сомонӣ ё 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 68 сомонӣ) хидмати ҳарбии баҳориро адо мекунанд.

Ба иттилои ӯ, 1500 нафар дар ду баст ба хидмати ҳарбии якмоҳа ҷалб мешаванд.

“Шурӯъ аз 12-уми июни соли равон қисми аввали онҳо дар марказҳои ҳарбии таълимии “Лоҳур” ва “Тоҷмаҳал”-и шаҳри Душанбе, пойгоҳи маркази таълимӣ-ҳарбии “Фахробод”-и вилояти Хатлон ва пойгоҳи таълимӣ – ҳарбии филиали Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа дар вилояти Суғд ба хидмати ҳарбии 30 рӯза ҷалб шуданд. Қисми дуввум баъди 12-уми июл ба хидмат ҷалб мегарданд”, — гуфтааст сухангӯи Вазорати дифоъ.

Бояд гуфт, ки аз моҳи декабри соли 2022 то феврали соли 2023 ҳазор ҷавони тоҷик бо пардохти қариб 27 млн сомонӣ хидмати ҳарбии пулакиии тирамоҳиро адо карда буданд.

Ҳамин тариқ, дар даъвати баҳории соли гузашта 1 ҳазору 200 ҷавони тоҷик бо пардохти 32 млн. 256 ҳазор сомонӣ хидмати ҳарбии пулакиро адо .

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 парлумони Тоҷикистон  “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”-ро дар таҳрири нав қабул кард, ки тибқи он минбаъд шаҳрвандони синну соли даъватӣ метавонанд, бо супоридани маблағи муайян ва адо кардани хидмати якмоҳаи ҳарбӣ ба сафи эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шомил гарданд.

Баъди баҳсу баррасии зиёд, моҳи августи соли 2020 ҳукумати кишвар арзиши маблағи пардохт барои ин намуди хидматро муқаррар намуд. Ин маблағ ба 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст.

Қабули шаҳрвандон барои адои хизмати ҳарбии пулакӣ дар доираи квотаи муқарраргардида амалӣ мешавад ва дар сурати аз доираи квота бештар муроҷиат кардани аҳолӣ онҳо метавонанд, ки дар даъвати минбаъда ба хизмати ҳарбии пулакӣ ҷалб шаванд. Нақша вобаста ба муроҷиати аҳолӣ дар ҳар мавсими даъват каму зиёд мегардад.

Тибқи муқарароти қонуни нав, ҷавонон барои адои ин навъи хидмат ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист муроҷиат намуда, баъди пардохти маблағ дар БДА ҶТ “Амонатбонк” ба омӯзиш ҷалб мегарданд.

Фаридун Маҳмадализода афзуд, маблағи пардохтгардида барои бунёди қисмҳои ҳарбии алоҳида дар ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ, ташкили пойгоҳҳои моддӣ-техникӣ, сохтмони бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, таъмиру тармими онҳо, пардохти маоши афсарону кормандони таълимдиҳанда, хароҷоти маъмурӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии дигар хизматчиёни ҳарбӣ равона мегардад.

Гуфтан ба маврид аст, ки мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад.

Мақомот ҳамеша ба набудани «облава» таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular