Monday, March 9, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСадамае, ки дар он 4 нафар ҷон бохтанд, бо айби майори БДА...

Садамае, ки дар он 4 нафар ҷон бохтанд, бо айби майори БДА рух додааст

Раёсати ВКД пойтахт эълом кард нафаре, ки бо айби ӯ садамаи мудҳиш дар Душанбе рух дод ва боиси кушта шудани чаҳор нафар шуд Орзубек Ҳабибзода, майори милитсия будааст, ки ба ҳайси бозраси шуъбаи назорати техникии Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА)-и ВКД Тоҷикистон фаъолият мекарда.

Пулиси Душанбешаҳр бо нашри як иттилоия , бар зидди ин корманди БДА барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки боиси марги ду ва зиёда шахс шудааст (моддаи 212 қисми 5 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон), парвандаи ҷинотяӣ боз гардидааст.

Ин банди қонунгузорӣ аз 10 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ҳодисаи бархурди мошини “БМВ Х5” (111 WА 01), ки ронандаи он Орзубек Ҳабибзода буд, бо “Мерседес-Бенс” (3177 МВ 01) таҳти идораи Юсуф Забиров  рӯзи 21-уми июн рух дод, ки дар натиҷа, ронанда ва 3 нафар мусофири автомашинаи “Мерседес” ба ҳалокат расидаанд.

Орзубек Ҳабибзода ва мусофираш, ки аз ӯ Суҳроб Султонов ном мебаранд, ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

«Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Забиров Ю.Н., соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Душанбе ва мусофирони дохили автомашинаи ӯ Шарипов Нозим Мирзоевич, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе, дар ҷои ҳодиса ва Неъматуллоев Маҳмадраҳим Исматуллоевич, соли таваллудаш 1989 ва писари ноболиғаш Неъматуллоев Маҳмуд Маҳмадраҳимович, соли таваллудаш 2020, сокинони ноҳияи Рўдакӣ, аз ҷароҳатҳои бардошташуда дар беморхона ба ҳалокат расидаанд», — гуфта мешавад дар иттилоияи РВКД дар шаҳри Душанбе.

Милитсияи пойтахт сабаби бархурди ду мошинро баланд будани суръати ҳаракат, ки беш аз 100 км/соат буд ва ба самти  муқобил баромадани ронандаи мошини “БМВ Х5” унвон кард.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки Орзубек Ҳабибзода дар мошини таҳти идорааш рақамҳои мошини бегона, ки ба автомашинаи тамғаи «Тайота-Авалона» (111 WА 01) ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст, насб кардааст. Худи “БМВ Х5” бо рақамҳои С0496 j07 ба қайд гирифта шуда будааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular