Thursday, March 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСафорати Тоҷикистон дар Маскав: аз истифодаи мошинҳои шахсӣ худдорӣ кунед

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав: аз истифодаи мошинҳои шахсӣ худдорӣ кунед

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ба ҳамватанони муқими ин кишвар ҳушдор дода, ки «бо дарназардошти таҳдид ба вазъияти амниятӣ дар кишвари иқомат, аз сафари ғайримақсаднок ба минтақаҳои наздисарҳадии Россия бо Украина худдорӣ намоянд».

Дафтари дипломатии Тоҷикистон ҳамчунин аз аз ҳамватанон хостааст «ба ҷойҳои ҷамъиятии серодам ва чорабиниҳои оммавӣ, хусусан бо истифода аз нақлиёти шахсии худ, нараванд».

Сафорат сабаби ин даъваташро нагуфта, вале зоҳиран он ба шӯриши гурӯҳи «Вагнер» рабт дорад. Ин гурӯҳ бо эълони ошӯби низомӣ ба Ростови лаби Дон ҳамла кард ва онро ба даст гирифт. Хабарҳое дар бораи забти Воронеж аз тарафи ин гурӯҳ низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шудаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтаааст «барои гирифтани маълумоти бештар шаҳрвандони кишварамон метавонанд ба Сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа муроҷиат намоянд».

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular