Thursday, March 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРамазон Қодиров бо пахши наворе хабари маргашро рад кард

Рамазон Қодиров бо пахши наворе хабари маргашро рад кард

Рамазон Қодиров, раисҷумҳури 48-солаи Чеченистон, бо пахши наворе дар саҳифаи телеграмиаш хабари маргашро, ки қаблан расонаӣ шуда буд, рад кард. Дар ҳамин ҳол ӯ гуфт тӯлонӣ зиндагӣ карданӣ нест.

Дар навор ҳамроҳ бо Рамазон Қодиров яке аз наздиктарин афрод ба ӯ — Одам Делимхонов, вакили Думаи Русия дида мешавад. Онҳо сари мизи хӯрокхӯрӣ қарор доранд ва Қодиров мегӯяд «зинда ҳастем ва нон мехӯрем».

Делимхонов экрани телефони дастиашро нишон медиҳад ва мегӯяд сана ҳам 2-юми июл аст.

Гуфтанист, қаблан шабакаҳои муртабит бо мухолифони чечен аз марги Рамазон Қодиров бар асари аз кор мондани гурдаҳояш хабар дода буданд.

Як рӯз пас аз хабар писари Рамазон Қодиров бо нашри аксе ҳамроҳ бо падараш аз доштани «чунин ҳомиву пуштибоне» эълони ифтихор карда буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular