Thursday, March 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСадама дар Файзобод ҷони 11 нафарро гирифт

Садама дар Файзобод ҷони 11 нафарро гирифт

Садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар ноҳияи Файзобод ҷони 11 нафарро гирифта ва 4 каси дигарро маҷруҳ кард. Қурбониён аъзои 3 оила гуфта мешаванд, ки камсинтаринашон 2 сола ва бузургсолтаринашон 64 сола ҳастанд.

Вазорати умури дохилӣ бо нашри иттилоъияе хабар дод, фоҷиа рӯзи 2 июл дар ҳудуди деҳаи Шаҳтакиёни ноҳияи Файзобод рух додааст.

Ба гуфтаи вазорат, ронандаи автомашинаи «Опел-Астра», Маҳмадсодиқи Маҳмадюсуфи 30-сола ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини Бобоҷон Шарипови 21-сола бархурдааст. Қурбониён рӯзи 3 юми июл ба хок супурда шудаанд.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад ду мошин дар роҳ сахт осеб дидаанд. Дар навори дигар камаш 6 нафари олуда ба хун рӯйи замин ва кати беморӣ дида мешаванд.

Садамаи пурқурбонӣ дар ҳоле рух додааст, ки мақомот ҳамин ахиран аз марги тақрибан 13 нафар дар се рӯзи ахир хабар доданд. Мақомот дар аксар маврид ронандаҳоро ба беэҳтиётӣ гунаҳкор мекунанд. Баъзе аз ронандагон роҳҳои душворгузарро далел меоранд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular