Имрӯз, 23—юми март дар шаҳри Бонни Олмон Пикети мусолиматомези эътирозии фаъолони тоҷик баргузор мегардад.
Ин пикет бо ибтикори фаъоли сиёсӣ Вайсидин Одинаев ва ҳамкории гуруҳе аз фаолони тоҷики муқими Олмон, дар ҳимоят аз вазъияти асафбори маҳбуси сиёсии кишвар, адвокат Бузургмеҳр Ёров, ки ахиран бар иловаи 23 соли зиндон дар ҳукми қаблии Суди олӣ, 2 соли дигар ба хотири қироати як байти Абӯалӣ ибни Сино болои вай аз ҷониби ин Додгоҳ зам карда шуд, гузаронида мешавад.
Ба гуфтаи баргузоркунандагони ин ҳамоиш, яке аз ҳадафҳои асосии ин пикет дифоъ аз ҳуқуқҳои маҳбуси сиёсӣ адвокат Бузургмеҳр Ёров мебошад.
Ҳамзамон баргузоркунандагони ин пикет мегӯянд, ки зулму қонунпоймолкунӣ дар Тоҷикистон он қадар зиёд шудааст, ки якеро ба хотири қироати як байти Шоири класикӣ ба ду соли зиндон маҳкум мекунанд.
Вале дар муқобили ҷиноятпешаи тамаъкоре, ки ҳамчун муфаттиш аз наздикони Бузургмеҳр Ёров ба гирифтани 25 ҳазор доллари амрикоӣ муттаҳам мешавад, аз толори суд озодаш мекунанд.
Дар назар аст, дар ин пикет хонум Мавлуда ва Ҷамшед бародари Бузургмеҳ Ёров ва собиқ адвокати Бузургмехр хонум Муаззама Қодирова ва дигар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии тоҷики муқими Олмон низ иштирок хоҳанд кард.
Бузургмеҳр Ёров соли 2015 баъд аз эълони таъсиси Кумитаи ҳимоят аз зиндониёни сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби мақомот бо иттиҳомоти сохта боздошт намуда ва соли 2016 бо ҳукми Суди олии кишвар ба 23 соли зиндон маҳкум шуд.