Thursday, March 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСолеҳ: иттиҳоди пинҳон миёни Вашингтон ва Толибон вуҷуд дорад

Солеҳ: иттиҳоди пинҳон миёни Вашингтон ва Толибон вуҷуд дорад

Ду ҳафта пас аз дархости Абдуррашид Дӯстум барои музокира бо Толибон, муовини ҳукумати собиқи Афғонистон рӯзи душанбе гуфт, ки “иттиҳоди пинҳон миёни Вашингтон ва Толибон” вуҷуд дорад. 

Солеҳ аз “сиёсатмадорони оқил”-и афғон хост, ки мунтазир намонанд ва “ба муқовамати мусаллаҳона рӯ биоваранд.” 

Ӯ дар твитте мувофиқатномаи Дохаро “як дасиса барои истихдоми Толибон ба унвони абзори геополитик” тавсиф кардааст. Ў гуфт, ки “Толибон барои тамоми кишварҳои минтақа ба ҷуз Покистон як таҳдиди ошкору ниҳон аст.” 

Изҳороти ғайримунтазираи Байден дар бораи аҳамияти Толибон барои ҷилавгирӣ аз таҳдиди Алқоиъда дар Афғонистон ба рағми кушта шудани раҳбари ин гурӯҳ дар қалби Кобул, вокуниши тунду хашмгини сиёсатмадорони афғонро барангехтааст. Аз ҷумла, Раҳматуллоҳ Набил, раиси амнияти миллии собиқи Афғонистон, Толибонро ба “Вагнери исломӣ” ташбеҳ кард. 

Ишораи ӯ ба ҷангҷуёни аҷири гурӯҳи Вагнер аст, ки барои Владимир Путин дар Укроин меҷанганд. 

Амаруллоҳ Солеҳ навишта, ки равобити Амрико ва Толибон “бояд барои бахши оқили табақаи сиёсии афғон равшан карда бошад, ки давраи интизор ва “бигузор бубинем чӣ мешавад”, тамом шудааст, [биноан] онҳо бо ҳам муттаҳид шаванд ва ба муқовамати мусаллаҳона рӯ биоваранд.” 

Дархости Солеҳ барои оғози ҷанги мусаллаҳона бо Толибон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Абдуррашид Дӯстум, яке аз сиёсатмадорони саршиноси Афғонистон чанд рӯз қабл таҳдид кард, ки “мо тарафдори ҷангу хушунат нестем аммо агар гузинаи дигаре боқӣ намонд дар он сурат ин бор масъулияти хунрезӣ ва ҷангро ба дӯш нахоҳем гирифт.” 

Толибон ҳамвора тақсими қудрат бо гурӯҳҳои дигари сиёсиро рад кардааст ва аз раҳбарони сиёсии афғон хоста, ки ба унвони шаҳрвандони одӣ ба Афғонистон баргарданд ва зиндагӣ кунанд. 

Байден, раисҷумҳури Амрико, ки ба изҳороти ғайри мунтазира машҳур аст, ҳафтаи гузашта дар як нишасти хабарӣ иброз кард, ки Алқоиъда дигар дар Афғонистон ҳузур надорад ва ӯ гуфта буд, ки барои нобудии ин шабака аз Толибон кумак хоҳад гирифт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular