Thursday, March 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲодисаи фурудгоҳи Кишинёв: Тирзани тоҷик эҳтимол дар Молдова дафн шавад

Ҳодисаи фурудгоҳи Кишинёв: Тирзани тоҷик эҳтимол дар Молдова дафн шавад

Мақомоти Молдова ва Тоҷикистон дар бобати дар куҷо дафн шудани Рустам Ашӯров, ки рӯзи 30 июл дар фурудгоҳи Кишинёв ду нафарро парронда, ҳангоми боздошт ба таври маргбор захмӣ шуд, гуфтушунид доранд. То имрӯз, рӯзи 4-уми июл наздикони Ашуров то ҳол ба сафорати Тоҷикистон дар Киев барои гирифтани ҷасад дархост ирсол накардаанд.

Тавре хабаргузории EADaily менависад,  чунин дархостҳо ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Молдова низ ворид нашудааст. Ба гуфтаи Эмил Гайтур, сухангӯи ин ниҳод, арзиши интиқоли ҷасад аз Ҷумҳурии Молдова ба Тоҷикистон метавонад ба даҳҳо ҳазор евро бирасад. Агар хешовандон ҳозир нашаванд, мардро дар ҳамин ҷо, дар қабристони Санкт-Лазари пойтахт, дар бахши афроди ҳуввияти номаълум ба хок месупоранд.

Ёдовар мешавем, ки Рустам Ашӯров, ки аз Истанбул ба Кишинёв рафта буд, аз ҳаққи вуруд ба Молдова маҳрум шуд. Ҳангоми интиқол ба минтақаи истирдод ӯ ба як пулиси марзбонӣ ҳамла карда, силоҳро гирифта, аз он тир ӯ ва як афсари амнияти фурудгоҳро кушта, чанд сокини осоиштаро маҷрӯҳ кард. Ҳангоми ҳамлаи нерӯҳои вижа ба биное, ки ҳамлагари 43-сола худро дар он ҷо пинҳон кард,  дастикам даҳ тир хурд. Шаби гузашта ба ҳуш наомада, дар беморхона ҷон дод.

Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистон барои мусоидат дар таҳқиқи ин ҷиноят ба Кишинёв афсарони интизомӣ ва дипломатҳои худро фиристодааст.

Муайян карда шуд, ки Ашӯров 7 сол дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кор карда, баъдан барои ғоратгарӣ маҳкум шудааст. Пас аз адои ҷазо ӯро пеш аз мӯҳлат озод карданд. 

Ҳамчунин бино ба даъвои мақомоти интизомии Тоҷикистон Рустам Ашуров дар рабудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” гумонзад аст. 

Гуфта мешавад, Рустам Ашӯров, дар ҳоли мавриди ҷустуҷӯ қарор доштан, марзи давлатиро убур карда, аз Тоҷикистон ба Узбакистон рафта, аз онҷо бо хатсайри ҳавоӣ ба Туркия рафтааст ва аз Истамбул ба Молдова парвоз кардааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular