Хабаргузории Фаронса ба нақл аз Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус навишт: “раҳбари гурӯҳи Вагнер дигар дар Беларус нест ва дар Санкт-Петербурги Русия ба сар мебарад.”
Евгений Пригожин, раҳбар гурӯҳ Вагнер тибқи тавофуқе, ки бо миёнҷигарии Лукошенко ҳосил шуда, бо эъломи поёни шӯриши аъзои ин гурӯҳ алайҳи давлат ва артиши Русия ба Беларус рафт.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ мувофиқат кард, ки дар ивази таслими силоҳҳои сангини гурӯҳи Вагнер ба артиши Русия ва ҳамчунин таҳти фармон қарор гирифтани аъзои он, парвандаи “хиёнати миллӣ”-и Пригожинро ба ҷараён наандозад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

