Thursday, March 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЭътирофи Рустам Ашуров ба қатли Шӯҳрат Исматуллоев дар гуфтугӯи телефонӣ бо модараш...

Эътирофи Рустам Ашуров ба қатли Шӯҳрат Исматуллоев дар гуфтугӯи телефонӣ бо модараш (навор)

Рустам Ашӯров, тирандози фурӯдгоҳи Кишинёв, ки баъдан онҷо кушта шуд, дар охирин сӯҳбати телефонӣ бо модараш эътироф мекунад, ки Шӯҳрат Исматуллоевро воқеъан ӯ ҳамроҳ бо Дилшоди СБ (Саидмуродов) дуздидааст. Бу гуфтаи ҷасади Исматуллоевро ба дарёи Варзоб партофтаанд.

Дар як наворе, ки дар телеграм-канали Ислоҳ ТВ нашр шудааст, дида мешавад модари Рустам сари мизи хӯрокхӯрӣ бо фарзандаш тариқи видео гуфтугӯ мекунад. Дар навор Рустам, ки дар фурӯдгоҳи Кишинёв қарор дорад, мегӯяд “ду нафарро куштам” ва ду ҷасади хобидаро нишон медиҳад. Ва идома медиҳад “акнун дар қиёмат вомехӯрем”.

Дар идома Ашӯров дар бораи дуздидани Исматуллоев қисса мекунад ва мегӯяд бо раҳбарии Дилшод ӯро дуздида ва ҳадафи дуздӣ ҳам биткоинҳое буда, ки Исматуллоев онҳоро дар даст доштааст. “Иқа заданша, ки мурд, баъд ба дарё партофтем” — хулоса мекунад тирандози Кишинёв.

Ин навор аз ду қисмат иборат аст ва метавонед бо нохун задан ба инҷо онро тамошо кунед:

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular