Thursday, March 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҶасадҳои Исматуллоев ва Раҳмонов то ҳол пайдо нашудаанд

Ҷасадҳои Исматуллоев ва Раҳмонов то ҳол пайдо нашудаанд

Ҷустуҷӯи ҷасадҳои муовини раиси “Оринёбонк” Шуҳрат Исматуллоев ва омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Исмоилҷон Раҳмонов дар ҳавзаи дарёи Зарафшон идома дорад.

Дар ин бора “Азия-Плюс” бо истинод ба роҳбари хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ хабар медиҳад. Юсуфӣ гуфтааст кормандони хадамоти махсуси  ҷустуҷӯ ва наҷот ҳамарӯза дар соҳилҳои дарё ба ҷустуҷӯи ҷасадҳо машғуланд.

“Корҳои ҷустуҷӯ аз шаҳраки Айнӣ то сарҳад бо Ӯзбекистон роҳандозӣ шудааст, — гуфтааст ӯ. —  Корҳо бетанаффус идома доранд, шароит душвор аст, зеро сатҳи об дар дарё баланд буда, маҷрояш хеле тез аст”.

Ёдрас мекунем, ки корҳои ҷустуҷӯ баъди маълум шудани эҳтимол ба дарёи Зарафшон партофтани ҷасадҳои Исмоилҷон Раҳмонов ва автомашинаи Hyundai Sonata бо ҷасади Шуҳрат Исматуллоев баъди содир гардидани ҷиноят оғоз шуданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular