Шоҳзода Раҳим ал-Ҳусайнӣ Оқохони V расман имоми 50-уми исмоилиёни ҷаҳон эълон шуд. Шабакаи Рушди Оқохон рӯзи 5-уми феврал бо пахши эъломияе гуфт, ки Шоҳзода Раҳим бар асоси васияти падараш, Оқохони IV, роҳбари нави исмоилиён шудааст.
Ки буд Оқохони IV?
Шоҳзода Карим Оқохони IV, ки 68 сол имоми исмоилиён буд, 4-уми феврали соли 2025 дар синни 88-солагӣ дар шаҳри Лиссабони Португалия даргузашт.
Ӯ дар таърихи 11-уми июли соли 1957, баъд аз даргузашти бобояш Муҳаммадшоҳ Оқохони III, дар синни 20-солагӣ роҳбари исмоилиён таъин шуда буд.
Дар тӯли имомати худ Оқохони IV таҳаввулоти бузургеро дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии пайравони исмоилия роҳандозӣ кард.
Ӯ Бунёди Рушди Оқохон (AKDN)-ро таъсис дода, ки ҳоло дар 25 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, фаъолият дорад. Ин бунёд Донишгоҳи Осиёи Марказӣ-ро дар шаҳри Хоруғ таъсис дода, барномаҳои маориф ва рушди инфрасохторро дар Тоҷикистон амалӣ кардааст.
Оқохони IV борҳо ба Тоҷикистон сафар карда, бо мақомоти баландпояи кишвар дидору гуфтугӯҳо анҷом дода буд. Аз ҷумла, дар давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1997), ӯ ба сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кӯмакҳои башардӯстона фиристод, ки нақши муҳим дар паст кардани шиддати вазъ дар он минтақа дошт.
Шоҳзода Раҳим Оқохони V кист?
Шоҳзода Раҳим Оқохон писари бузурги Оқохони IV буда, 54 сол дорад. Ӯ солҳои тӯлонӣ дар идораи муассисаҳои Шабакаи Рушди Оқохон (AKDN) ва ниҳодҳои иҷтимоии исмоилиён нақши фаъол дошт.
Шоҳзода Раҳим таҳсилоти худро дар Донишгоҳи Браун (ИМА) гирифта, дар соҳаҳои иқтисод, рушд ва идоракунии лоиҳаҳои иҷтимоӣ таҷрибаи зиёд дорад. Ӯ солҳои зиёд дар тарҳҳои муҳими рушди маориф, тандурустӣ ва иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба рушд, аз ҷумла Тоҷикистон, саҳмгузор буд.
Исмоилия – яке аз равияҳои ислом
Мазҳаби исмоилия яке аз шохаҳои шиа буда, тақрибан 15 миллион пайрав дорад. Пайравони исмоилия бештар дар кишварҳои Афғонистон, Покистон, Ҳинд, Эрон, Тоҷикистон, Шарқи Наздик ва бахшҳое аз Африқо зиндагӣ мекунанд.
Дар Тоҷикистон, асосан сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайравони ин равия мебошанд.
Ояндаи имомати Оқохони V
Ҳамакнун, пас аз даргузашти Оқохони IV, Шоҳзода Раҳим Оқохон вазифаи имоматро ба уҳда гирифтааст.
Ба гуфтаи коршиносон, интизор меравад, ки роҳбарии ӯ ба рушди барномаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии пайравони исмоилия идома дода, ҳамкориҳои байналмилалӣ бо кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, тақвият ёбанд.
Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум
Subscribe to get the latest posts sent to your email.