Friday, March 6, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАмрико: Эрон дар пайи сохти силоҳи атомӣ нест

Амрико: Эрон дар пайи сохти силоҳи атомӣ нест

Бино бар арзёбии иттилоотии ҷадиди Иёлот муттаҳида, Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳол ҳозир дар пайи ба даст овардани силоҳи ҳастаӣ нест, вале ба фаъолиятҳое, ки метавонад ба ин кишвар дар тавлиди ин гуна таслиҳот кумак кунад, шитоб бахшидааст. 

Бар асос арзёбии тозаи Дафтари мудири иттилооти миллии Амрико, ки дирӯз, душанбе мунташир шуд, Ҷумҳурии исломӣ аз соли 2020 дар ҷиҳати афзоиши зарфияти худ барои тавлиди бомби ҳастаӣ ҳаракат карда, вале даст ба ин иқдом назадааст. 

Арзёби тозаи иттилоотии Амрико бо арзёбиҳои пешини ин кишвар ҳамхонӣ дорад, вале бисёре дар Кунгура нисбат ба ин мавзӯъ бадбин ҳастанд. 

Давлати Ҷо Байден ҳамвора аз талош барои эҳёи Барҷом, ки давлати пешини Амрико аз он хориҷ шуд, дифоъ карда аммо рухсатии иҷбории Роб Молӣ, фиристодаи вижаи Иёлот муттаҳида дар умури Эрон ин корро печидатар кардааст. 

Дар асоси ду сафҳаи мунташиршуда аз ин гузориш, “Эрон дар ҳоли ҳозир дар ростои фаъолиятҳои калидии тавлиди силоҳ, ки барои сохти як дастгоҳи ҳастаии қобили озмоиш мавриди ниёз аст, иқдом накардааст.” 

Аммо ин гузориш таъкид кардааст, ки Эрон дар ҳоли “таҳқиқ ва тавсеъаи фаъолиятҳое аст, ки онро ба тавлиди маводи инфиҷории мавриди ниёз барои сохти силоҳи ҳастаӣ, дар сурате, ки чунин тасмиме гирифта шавад, наздик мекунад.” 

Ба навиштаи ин гузориш, Эрон дар робита бо ғанисозии ураниум Барҷомро нақз кардааст. 

Дар ин гузориш омадааст “Эрон дар ҳоли афзоиши ҳаҷм ва мизони ғилзати ураниуми ғанисозишудаи худ аст.” 

Ёфтаҳои гузориши иттилоотии Амрико бо гузоришҳои Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳамхонӣ дорад. 

Ин гузориш ҳамчунин барномаи мушакии Эронро таҳдиде умда барои кишварҳои Ховари Миёна донистааст. 

Тибқи ин гузориш, диққати ҳадафгирӣ ва қобилияти тахриби мушакҳои баллистики Эрон афзоиш ёфтааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular