Wednesday, March 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМаскав: узвияти Укроин дар НАТО вокуниши тунду сахт дар пай хоҳад дошт

Маскав: узвияти Укроин дар НАТО вокуниши тунду сахт дар пай хоҳад дошт

Укроин умедвор ба узвият дар НАТО ва паймҳои мусбат дар нишасти имрӯзу фардои сарони ин паймон аст. Кремл дар остона нишасти сарони НАТО гуфтааст узвияти Киев дар ин паймон як «хатар ва таҳдиди мутлақ» барои Русия аст ва “вокуниши тунд» дар Нишасти сарони НАТО рӯзи сешанбе, 11 июл 2023 дар Вилнюс Литва ба муддат ду рӯз баргузор мешавад 

Кремл таҳдид кард, ки дар сурати пайвастани Укроин ба НАТО, Русия иқдомоти мутақобил анҷом хоҳад дод. 

Дар ҳамин ҳол, таҳдидҳои Русия дигар мисли қабл ҷиддӣ гирифта намешаванд. Таҳдидҳо аз забони худи Путин, Шойгу, Медведев, Песков ва дигар масъулин тақрибан ҳар рӯз садо медиҳанд, аммо то ҳол ин кишвар тақрибан ҳеҷ кадоми онҳоро амалӣ накардааст.  

Ба гузориши хабаргузориҳои русӣ Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл тасреҳ кард, ки пайвастани Укроин ба НАТО «паёмадҳои бисёр манфӣ барои кулли сохтори амниятии нимавайрони Аврупо хоҳад дошт ва ин иқдом хатару таҳдиде мутлақ барои Русия хоҳад буд». Ў афзуд, чунин иқдоме ба «вокуниши нисбатан сахт ва қобили дарк»-и Русия мувоҷеҳ хоҳад шуд. 

Песков гуфт: “Кремл медонад, ки пеш аз нишасти НАТО дар Литва, баҳсҳои пурҷуше дар миёни аъзо дар бораи пайвастани Укроин ва мавзеъҳои мутафовите дар ин маврид вуҷуд дорад”. Ба гуфтаи ӯ Укроин мекӯшад «бо истифода аз абзорҳои мухталиф бар ҳама дастандаркорон фишор биёварад то кишварҳои бештаре дар остонаи баргузории ин иҷлос, ҳамбастагии худро дар ин замина нишон диҳанд». 

Маҳфилҳои давлати Олмон гуфтаанд ки 31 кишвари узви НАТО дар ин нишасти сарон дар Вилнюс, аз Укроин барои пайвастан ба ин паймони низомӣ даъват нахоҳанд кард. Мақомоти Берлин мегӯянд, ки ҳанӯз замони ин ё гомҳои мушаххас ба самти узвият фаро нарасидааст. 

Бо ин ҳол ҳанӯз миёни аъзои ин паймон иттифоқи назар вуҷуд надорад. Ахиран Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия аз узвияти Укроин дар НАТО ҳимоят карда буд. 

Укроин ҳафтаҳост, ки хостори даъвати расмии НАТО барои пайвастан ба ин эътилофи низомӣ шудааст. Чанд рӯз пеш Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин, ширкати худ дар нишасти саронро ба тасмимгирӣ дар бораи ояндаи пайвастани кишвараш ба паймони НАТО машрут кард. Ин кишвар аз феврали 2022 бо кумакҳои густурдаи кишварҳои ғарбӣ аз худ дар баробари ҷанги таҷовузкоронаи Русия дифоъ мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular