Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоЛатукуби бераҳмонаи марди фаластинӣ аз ҷониби пулиси исроилӣ (ВИДЕО

Латукуби бераҳмонаи марди фаластинӣ аз ҷониби пулиси исроилӣ (ВИДЕО

Дирӯз 23 март дар шабакаи иҷтимоии Ютуб видеоролике нашр шудааст, ки дар он пулиси исроилӣ марди ронандаи мошини боркашони фаластиниеро латукуб мекунад.
Дар ин видео дида мешавад, ки пулиси исроилӣ ба хотири ба ҷои мамнуъ таваққуф намудани мошини боркашон, ронандаи фаластиниро бо алфози таҳқиромез латукуб мекунад. Гоҳо ба сару рӯй ва гоҳо ба  поёни нофаш мезанад. Аммо марди фаластинӣ ба ҳама ин мушту лагадҳо ҷавоб намедиҳад.
Ба иловаи ин вақте ду марди фаластинии дигар барои пуштибонии ронанда меоянд ва аз пулис хоҳиш мекунанд, то ронандаро раҳояш кунад, пулис дарҳол ба онҳо низ дарафтода онҳоро низ латукуб мекунад.
Аз рафти ҳодиса маълум аст, ки пулис аз оқибати муносибати ғайриқонуниаш бепарво аст ва бо боварии комил, ки беҷазо мемонад, бераҳмона ба ронанда ва ду марди дигар дарафтодааст.
Ронанда ва ду марди дигар ба латукуби пулис вокунише нишон намедиҳанд. Ин шояд аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо медонанд, агар ягон вокунише нишон диҳанд, ҳолашон аз ин бадтар мешавад.
Бино ба маълумотҳои расонаишуда дар бораи  видеоролик, гуфта мешавад ин пулис аз ҷоиниби мақомоти интизомии Исроили ишғолгар боздошт шуда аз кор ронда  ва нисбати ин муносибаташ парванда боз ва тафтишоти пешакӣ оғоз шудааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки солҳост, баъди ишғоли худсаронаи замини фаластиниён аз ҷониби саҳюнистони ишғолгар, ҳуқуқи мусалмонони Фаластин руз ба руз беш аз пеш бераҳмона поймол ва теъдоди шаҳрвандони мусалмон дар ин сарзамин кам шуда аз ҳисоби ишғолгарони саҳюнист зиёд мешавад. Мусалмонони Фаластин ба тазйиқу фишори бераҳмона тоб наоварда ба мамлакатҳои дуру наздики нисбатан ором куч бастаанд.

Инаст, ки дар тамоми замини Фаластини аввалҳои асри 20, ки 95% аҳолии ин сарзаминро мусалмонон ташкил мекарданд, айни ҳол танҳо 10-12% мусалмонон боқӣ мондаанду халос. Боқӣ ба зулму шиканҷаҳо тоб наоварда кишвари таърихӣ ва сарзамини муқаддасро тарк кардаанд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика