Thursday, March 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЧин ҳар сол $300 млн ба Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад

Чин ҳар сол $300 млн ба Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад

Дар даҳ соли ахир Чин ба иқтисоди Тоҷикистон дар ҳаҷми 2,9 млрд доллар сармоягузорӣ кардааст. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сармоягузории “Аждаҳои сурх” дар солҳои 2012-2022-ро, ҳудуди 2,2 млрд доллар сармоягузориҳои мустақим ва зиёда аз 700 млн доллар дигар сармоягузориҳо (қарзу грантҳо) ташкил доданд.

Дар ҳамин ҳол, дар ин давра аз ҷониби Русия, ки шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар ин давра ба маблағи ҳудуди 992 млн доллар сармоягузорӣ сурат гирифтааст.

Дар сохтори сармоягузории Русия 40% (397 млн доллар) сармоягузории мустақим, 1,6% (ҳудуди 16 млн доллар) — сармоягузориҳо ба сандуқ (харидани коғазҳои қиматнок) ва 58% (575 млн доллар) дигар сармоягузориҳо мебошанд.

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ зикр карданд, ки сармоягузориҳои дар ин давра аз ҷониби Чин ва Русия воридшуда асосан ба бахшҳои саноати кӯҳкорӣ, миёнаравии молиявӣ, сохтмон, алоқа ва дигар соҳаҳо равона шудааст.

Қобили зикр аст, ки сармоягузорони Чин танҳо аз нимаи солҳои 2000-ум ба маблағгузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон оғоз карда, дар зарфи 10 сол аз сармоягузории асосии ҷумҳурӣ — Русия пеш гузаштанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular