Wednesday, March 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТоҷикистон содироти сементро манъ кард

Тоҷикистон содироти сементро манъ кард

Тоҷикистон содироти сементро ба хориҷи кишвар манъ кардааст. Тибқи иттилоъи Радиои Озодӣ, манъи содироти семент дар як номаи Хадамоти гумрук ба зерсохторҳои минтақавии он зикр шудааст. Бар асоси ин нома, содироти семент аз рӯзи 11 июли имсол манъ шудааст.

Дар пайи ҷорӣ намудани ин маҳдудият, инак як ҳафта боз соҳибкорони тоҷик наметавонанд сементи худро ба хориҷи кишвар баранд. Дар номаи Хадамоти гумрук раиси ин ниҳод ба нақл аз дастури сарвазир мегӯяд, «бо мақсади таъмини бозори дохилӣ баровардани семент ба хориҷи кишвар манъ карда шавад.»

Намояндагони баъзе корхонаҳои сементбарорӣ чунин тасмимро барои идомаи корашон зиёновар медонанд. Мақомот аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ мекунад ва намегӯянд, ки талаботи солонаи кишвар ба семент чӣ қадар аст ва чаро якбора содироти он манъ шуд?

Тоҷирон ҳам аз ҷузъиёти ин тасмим бехабаранд, вале таъкид мекунанд, ки айни ҳол талабот ба семент зиёд шудааст. Тоҷир Ҷамшед Нозимов, рӯзи 14-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, «нархи семент нисбат ба тобистони гузашта 3-4 сомонӣ гарон шудааст». Нархи як халта сементе, ки қаблан 48 то 50 сомонӣ буд, ҳоло ба 55-56 сомонӣ расидааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular