Wednesday, March 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет2600 нафар қарздор мамнӯъулхурӯҷ аз Тоҷикистон шудаанд

2600 нафар қарздор мамнӯъулхурӯҷ аз Тоҷикистон шудаанд

Хадамоти иҷрои Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи имсол ба феҳрасти ягонаи қарздорон номи 2600 нафари дигарро ворид кардааст, то аз кишвар берун шуда натавонанд ва қарзҳои худро ба бонк, муаассиса ва ё афроди алоҳида баргардонанд.

Хадамоти мазкур бо нашри як баёнияи расмӣ гуфтааст, дар ним соли гузашта, бештар аз 850 қарздор, ки мехостанд, ба хориҷ бираванд, ба сабаби қарздориашон аз роҳ баргардонда шуданд ва баъди ин бештар аз 7 миллион сомониро қарзро баргардонданд.

Дар байни ин афрод садҳо нафар соҳибкороне будаанд, ки бинобар расмиёти зиёди давлатӣ, ришвахорӣ ва мушкилоти соҳибкорӣ, қарздор шудаанд. Солона ҳазорон соҳибкор дар Тоҷикистон ба сабаби ҳамингуна мушкилот худро варшикаста ва ё муфлис эълон мекунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular