Wednesday, March 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИмзои 13 санади ҳамкорӣ ба арзиши 50.7 миллиард доллар байни Туркия ва...

Имзои 13 санади ҳамкорӣ ба арзиши 50.7 миллиард доллар байни Туркия ва Аморот

Идораи иртибототи раёсатҷумҳурии Туркия тайи баёнияе эълом кард, ки 13 санади ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф ба арзиши 50.7 миллиард доллар байни Туркия ва Амороти муттаҳидаи арабӣ имзо шуд. 

Дар ин баёния омадааст, ки дар чорчӯби сафари Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия ба Амороти муттаҳидаи арабӣ, чандин қарордод ба арзиши кулли 50.7 миллиард доллар ба имзои мақомоти ду кишвар расидааст. 

Ду тараф ҳамчунин дар бораи эҷоди “шӯрои олии стратегӣ” ба раёсати раисҷумҳури Туркия ва раиси Амороти муттаҳидаи арабӣ ба тавофуқ даст ёфтанд. 

Дар ин баёния омадааст, ки муқаррар шуда ҳамкориҳои мавҷуди Туркия бо Аморот дар заминаҳое монанди энержӣ, ҳамлунақл, зерсохтҳо, лоҷистик, тиҷорати электироник, молӣ, саломат, ғизо, гардишгарӣ, амлоку сохтмонсозӣ, саноеъи дифоъӣ, ҳуши маснуӣ ва фановариҳои пешрафта амиқтар мешаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular