Идораи иртибототи раёсатҷумҳурии Туркия тайи баёнияе эълом кард, ки 13 санади ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф ба арзиши 50.7 миллиард доллар байни Туркия ва Амороти муттаҳидаи арабӣ имзо шуд.
Дар ин баёния омадааст, ки дар чорчӯби сафари Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия ба Амороти муттаҳидаи арабӣ, чандин қарордод ба арзиши кулли 50.7 миллиард доллар ба имзои мақомоти ду кишвар расидааст.
Ду тараф ҳамчунин дар бораи эҷоди “шӯрои олии стратегӣ” ба раёсати раисҷумҳури Туркия ва раиси Амороти муттаҳидаи арабӣ ба тавофуқ даст ёфтанд.
Дар ин баёния омадааст, ки муқаррар шуда ҳамкориҳои мавҷуди Туркия бо Аморот дар заминаҳое монанди энержӣ, ҳамлунақл, зерсохтҳо, лоҷистик, тиҷорати электироник, молӣ, саломат, ғизо, гардишгарӣ, амлоку сохтмонсозӣ, саноеъи дифоъӣ, ҳуши маснуӣ ва фановариҳои пешрафта амиқтар мешаванд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

