Wednesday, March 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет«Памир Daily News»тағйири ном кард

«Памир Daily News»тағйири ном кард

Нашрияи «Памир Daily News», ки рӯзи 14 июн аз ҷониби Додгоҳи Олии Тоҷикистон экстремистӣ эълон шудаву танҳо дирӯз Додситонии кулл дар ин бора иттилоъ пахш кард, тағйири ном кардааст. 

“Ба ин далел, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти нашрияи «Памир Daily News»-ро дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнӯъ эълон кард, ҳайати таҳририяи ин нашрия тасмим гирифт, ки номашро тағйир диҳад” — омадааст дар эъломияи ин нашрия.

Гуфта мешавад “ин тасмим ба хотири пешгирӣ кардан аз таҳдидҳо ва иттиҳомоти беасос ба ифротгароӣ ба хонандагон гирифта шудааст”.

“Памир дейли нюс” бештар хабарҳо дар бораи вазъият дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро нашр мекунад. Дар эътирозҳои моҳи май ва июни соли гузашта дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон, «Памир дейли нюс» лаҳза ба лаҳза ин таҳаввулотро пӯшиш медод.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular